Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин вай! Ин Колхаун! — фарёд мезанад касе.
— Гурехтан мехоҳад! — фарёд мезанад дигаре.
— Аз пасаш тозед! — овози ҷиддӣ ва омиронаи раиси суд баланд мегардад. — Аз пасаш тозед ва ӯро ба ин ҷо биёред!
Ҳоҷати такрор кардан нест: суханони охирин ҳанӯз гуфта нашуда даҳҳо касон ба сӯи аспони худ метозанд.

Колхаун тозон ба назди аспи булӯлии худ, ки аз чет меистод, расид. Ин ҳамон мустанге мебошад, ки ба қарибӣ савори ӯ савораи бесарро дунболгирӣ карда буд. Асп ҳамоно зину абзол дорад.

Колхаун дар зери дарахт ҳаяҷону бесариштагиро дид ва дар айни замон доду фарёдро шунид. — Ӯ ҳис кард, ки ба чашм афтид.

Акнун руст шудан фоида надорад ва капитан ҳез кашида худро ба рӯи зин мегирад. Ӯ ба қафо нигоҳи ғайритабиие афканда, ба дашт асп метозонад.

Панҷоҳ савораи ба шӯр омада аз фармони қатъӣ рӯҳбаланд гардида ба дунболи ӯ асп медавонанд:
— Зинда ё мурда ӯро гирифта биёред!
Ин суханони бераҳмонаро, зоҳиран, майор гуфт.

Вале фарқаш чӣ ки ин суханонро кӣ гуфт? Ба таъқибкунандагон умуман фармони расмӣ лозим нест, онҳо аз ҷинояти манфурона ба ҳаяҷон омада, мехоҳанд қасоси Генри Пойндекстерро, ки ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд, бигиранд.

Ҳасти капитани мустаъфӣ ҳеҷ гоҳ ба ин сон дар зери хатар набуд. На дар майдони муҳорибаи хунини назди Буэна-Виста, на он вақте, ки дар бари Обердорфер хобида, мили таппончаи мустангер ба чаккааш гузошта шуда буд.

Капитан инро медонад — ана барои ҳамин ӯ аспро чунин бо суръат меронад ва фақат гоҳ-гоҳ ба қафо бо қаҳру ғазаб ва тарсу ҳарос назар меандозад.

Вале дар нигоҳи ӯ ноумедӣ дида намешавад, агарчи хеле аҷиб ки қисмати интиқомгирандагони ба дунболаш асп тозонда меомадагӣ охирин умедро аз дили ӯ намебурд. Оре, ӯ ҳамоно умед дорад. Ӯ медонад, ки бар аспи тездаве савор мебошад ва дар пеш бешае воқеъ гардидааст.

Рости гап, то он даҳ миль роҳ мебошад. Вале даҳ миль чӣ гуфтани гап! Ӯ бо суръати бист миль дар як соат асп метозонад; пас аз ним соат ӯ ба паттазор мерасад.

Оё ҳамин фикр ӯро далер намедошт?
Гумон буд. Ӯ медонад, ки дар гуллии беша руст шуда наметавонад

пешина
аз 509
навбатӣ