Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— охир дар байни таъқибкунандагон бо сардории худи Зеб камаш даҳ-дувоздаҳ пайшиноси пуртаҷриба ҳаст.
Дар он сурат чӣ ӯро аз ноумедӣ нигоҳ медорад? Чаро вай, ба қисмате, ки гӯё ногузир аст, гардан намефурорад?
Ё ин ҳамту савқи табиии кӯр-кӯронаи худмудофиакунӣ мебошад?
Комилан ин тавр не. Қотили Генри Пойндекстер — девона нест. Барои аз қонуну адлияи барои ӯ пурдаҳшат раҳоӣ ёфтан ӯ на ба аспи сабукдави худ, ки ӯро бод барин ба дашт гирифта мебарад, умед мебандад, на ба паттазори дар пеш воқеъ буда.
Вале дар паси беша сарҳад мегузарад — ана барои чӣ ӯ умед мебандад.
Дар ҳақиқат, дар он ҷо ду сарҳад ҳаст. Як сарҳаде, ки ду миллати ба ном соҳибтамаддунро аз ҳам ҷудо созад. Дар байни онҳо дор ба гашта додани ҷинояткорон шартнома ҳаст.
Воқеан, ҷинояткор метавонад қонуну адлияро фиреб диҳад (чӣ тавре аксар вақт ин кор карда мешавад), доим аз сарҳад гузашта, миллату ҷон истиқоматашро дигар кунад.
Вале Колхаун ин роҳро интихоб накард. Ҳар қадар ки шартномаи номбаршуда дар байни Техас ва Мексика суст риоя карда нашавад, ӯ ҷуръат наменамояд, ки ба ин умед бандад — вай метарсад таваккал кунад. Тарсу ҳароси ӯ маълум: барои шахсе, ки бо чунин ҷинояти пурдаҳшат догдор аст, ин бозии ниҳоят пурхатар мебошад.
Ӯ ба сӯи Рио-Гранде асп тозонда меравад, вале на барои он, ки аз сарҳади Мексика гузарад: ӯ дигар сарҳадро ба хотир овард — сарҳаде, ки дар ҳудуди он команчиҳои ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд ва ба тамоми одамони сафедпӯст нафрат менамоянд. Вале онҳо ӯро ҳамчун дӯст истиқбол менамоянд — охир ӯ хуни яке аз душманони онҳоро рехта буд!
Дар вигвами ҳинду қотил на фақат паноҳгоҳ ёфта метавонад — ӯ ба меҳмоннавозӣ ва идома додани шону шӯҳрати хунхорона умед баста метавонад.
Ана барои чӣ Колхаун ба ёфтани наҷот умед мебандад, бинобар ҳамин маюс намешавад; ва, ба сӯи Рио-Гранде роҳ пеш гирифта асп тозонад ҳам, ӯ мехоҳад дар паноҳи беша ба тарафи Льяно-Эстакадо тоб хӯрад.
Ӯ аз хавфу хатарҳои ин биёбони мудҳиш наметарсад: тамоми тирарӯзиҳои гузашта бо он чӣ ки ӯро дар пеш аст, баробар шуда наметавонанд. Шояд, баъд пушаймон шавад, ки сарват, ёру дӯст, мавқеи ҷамъиятӣ, бароҳатии тамаддупро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор