Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз даст дод; зиёда аз ин — ӯро бо он духтаре хавфи ҷудоии фироқ таҳдид менамояд, ки маҷнунвор дӯсташ медорад ва, шояд, бо вай дигар ҳеҷ гоҳ вонахӯрад.
Вале ҳозир ҳатто вақти дар бораи ӯ фикр кардан нест. Ба ин одами пастфитрат ҷон аз ишқу муҳаббат гарон аст. Ӯ фикр мекунад, ки дар пеш ҳаёт вуҷуд дорад ва медонад, ки марг аз қафо наздик мешавад.
Қотил мустанги мексиконии худро, ки дар сабукдавӣ мисли аспи арабӣ чобук мебошад, бо суръати тамоми меронад.
Мустанги булӯл мебоист кайҳо аз по мемонд. Аз пагоҳ то ин дам ӯ зиёда аз бист миль роҳ, илова бар ин ҳамаи ин масофаро чорхез тӯй карда буд. Вале ӯ ҳеҷ аломати мондагӣ аз худ зоҳир намеменамояд. Тамоми мустангҳои дигар барин ӯ метавонад панҷоҳ ва, агар лозим бошад, суръатро суст накарда, сад миль роҳро хаста нашуда тозад.
«Чӣ хушбахтие, ки ман бо духтари мексикой асп иваз кардам!» — фикр мекунад Кассий Колҳаун. — Агар мустанг намешуд, ман аллакай дар сояи тираи дарахти балут дар назди рапси суд ва вакилони даъво рост истода, чӣ тавр марги маро хостгор будани издиҳомро мешунидам».
Кассий Колҳаун дигар аз ин сарнавишт наметарсад, ӯ фикр мекунад, ки хатар гузашт. Ӯ гашта ба ақиб менигарад ва мебинад ки саворон хеле ақиб мондаанд.
Ӯ ба пеш менигарад — бар болои сабзаи зумуррадранги саванна хати тираи беша намудор мебошад. Колҳаун шубҳа надорад, ки ба он мерасад ва наҷот меёбад.
Боби XCVII
ДУНБОЛГИРИИ ҚОТИЛ
Оё ҷинояткор гурехта наҷот ёфта метавониста бошад? Бо суръати тамоми гурехта дур шудани Колҳаунро дида, тамошобинони мо ба ин шубҳа намекунанд; аммо вақте, ки ба дунболи вай Зеб Стумп асп тозонад, дар дили онҳо умеде пайдо мешавад. Ҳангоме, ки ягон сад савора — ҳарбиён ва ғайриҳарбиён —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор