Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҷаста ба аспҳо савор мешавандӯ дунбола мегиранд, ин умед зиёд мешавад.
Чун ба дунболгирӣ боз як савор ҳамроҳ мешавад, он ба дилпурӣ мубаддал мегардад; ва, агарчӣ ӯ охирин ба роҳ даромада бошад ҳам, тамошобинон боварӣ доранд, ки ӯ аз ҳама мегузарад,— охир вай Морис Чералд буд, ки савори мустангӣ бодпои худ мерафт.
Ҳамаи он чӣ ки навакак дар зери дарахти балут рӯй дод, дар мурофиаи суд танаффӯс не, балки маънии хотима ёфтанро дорад.
Ин эълон карда нашуда бошад ҳам, Морис Чералд медонад, ки чӣ тавре издиҳом инро талаб мекард, ӯ озод аст.
Ӯ фурсатро аз даст надода, ба сӯи мустанги турук метозад, ки ба наздикӣ савораи бесар бар он савор буд.
Аспи турук соҳибашро шинохт ва шодона шиҳа кашида, лук-луккунон ба пешвози ӯ метозад.
Ҳар қадар айёми фирок дуру дароз набошад ҳам, фурсати дурустакак вохӯрӣ кардан нест. Дар ҷавоби шиҳаи муборакбодӣ аз даҳани мустангер фақат як калима гап мебарояд; пас аз як сонияи дигар ӯ бар зин нишаста, лаҷомро ба даст мегирад. Ӯ лассо надорад; аз касони наздик истодагӣ илтимос менамояд, ки ягон каси онҳо аз они худашро ба ӯ диҳад.
Касе арғамчини ҳалқа печонидаашро ба сӯи ӯ мепартояд; ва сонияе нагузашта мустангер асп тозонда дур мешавад.
Ҳама аз паси ӯ нигоҳ мекунанд, акнун дигар ҳеҷ кас ба оқибати натиҷаи он шубҳа намекунад. Ҷинояткор гурехта ғоиб шуда наметавонад, ӯро дарёб карда ба суд ба сояи ҳамон дарахте меоранд, ки ҳанӯз ба наздикӣ бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат медод.
Ва ӯро ҳамон касе дастгир мекунад, ки шаҳодати бардурӯғи ҷинояткор ба марг тела медод.
Ҳама бо изтироб нигоҳ мекунанд, ки чӣ тавр аспи турук ба дашт метозад.
Ба ҳодисаи хурдакаке, ки дар сояи дарахти балут рӯй дод, ҳеҷ кас аҳамият надод: на аз барои он аҳамият надоданд, ки дар соя воқеъ гардид, балки барои он ки ҳама ба дашт нигариста, ба дунболгирӣ назора менамоянд.
Ким-кӣ ба ҳамон тараф, ба дурии дашт менигарад, вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор