Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нигоҳи вай ба нигоҳи дигарон монанд нест. Ин духтар аз паси пардаи карета бо диққат менигарад ва дар чашмони ӯ фикреро хондан мумкин, ки дар чашми дигарон дида намешавад.

Кунҷковии оддӣ боиси пасту баланд гардидани сандуқи синааш намешавад. Ҳангоми аз паси таъқибкунанда нигаристан дар чашмони ғамгини вай хурсандӣ ва ҳангоми ба гуреза нигоҳ кардан тараҳҳум шӯълавар мегардад; аз лабони нимвояш садои дуо ба гӯш мерасад: «Худоё, ба ҷинояткор раҳм кун!»

Издиҳом акнун дар майдони намоиш пароканда шуда буд ва ҳангоме, ки Морис Чералд аз он миён баромад, дид ки аз савораи охирин дар масофаи якчанд сад ярд қафо мондааст.

Вале ӯ аз ин наметарсад: Морис медонад, ки савори аспи хуби худ ба муддати зиёд дар ақиб намемонад.

Турук умеди ӯро барбод намедиҳад. Аспи хушзот гӯё аз бори гарони номаълум халос шуда, расидани зонуҳои ҷондори соҳибашро ҳис карда, дур-дур хез кашида, исбот карданӣ мешавад, ки пештара барин боқувват мебошад ва пойҳояш чандирии худро нигоҳ доштаанд.

Ба зудӣ Морис ба онҳое наздик мешавад, ки аз ҳама қафо асп тозонда мераванд, аввал якеро, баъд дигареро ва боз яки дигарро даръёб карда, ба ҳамин тариқ аз ҳама пеш мегузарад.

Ӯ аз рӯи алафи нарм аз болои талу ҷӯйчаҳо, сангҳои тез асп метозонад ва чӣ тавре ки касони боқимонда аллакай кайҳо Колҳаунро аз назар гум карда буданд, низ ӯро аз назар гум мекунанд.

Аз ҳамаи иштирокчиёни дунболгирӣ фақат як кас ҳамоно ӯро мебинад. Ӯ савори аспи логари худ мебошад, ки мислашро фақат ба худ тасаввур кардан мумкин аст. Сабаби ин қадар тез тохтани ӯ чи бошад? Ӯро «маҳмези» хеле аҷиб — корди шикорчигӣ, ки сари ҳар чанд вақт ба сагриаш халонда мешавад, ҳадаҳа мекунонад. Зеб Стумп аспи худро ҳамин тавр бераҳмона мешитобонад. Ва бо вуҷуди ҳамин модиёни пир бо аспи мустангер мадори мусобиқа кардан надорад. Зеб ба ин умед намебандад: ягона хоҳиши вай ҳамин мебошад, ки аспи турукро аз чашм гум накунад ва ин ба вай муяссар мегардад.

Ва боз як каси дигар туруки дартоз рафта истодаро мебинад.

пешина
аз 509
навбатӣ