Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вале ӯ аз болои китф ба вай менигарад — ин гуреза мебошад.
Колхаун ба наҷот ёфтани худ ҳанӯз боварӣ ҳосил накарда, якбора гашта ба ақиб нигарист ва ӯ аспи турук ва бар пушти он ҷасади баднамо не, балки савораи барон вай боз ҳам бадхайбатро дид: Морис-мустангер — шахсеро дид, ки қариб вайро ба марги шармандаовар маҳкум карда буд. Ӯ интиқомгиранда аст, ки аз вай гурехта раҳо ёфтан амри маҳол мебошад.
Бадани гуреза вичиррос мезанад. Ба назараш мерасад, ки бо худи қисмат афту дарафт дорад ва ҳоҷати давом додани ин афту дарафт нест.
Ҷинояткори ноумед гардида, дигар ба халосӣ боварӣ накарда, аспро шитоб намекунонад. Ҷонаш дар чанголи аҷал мебошад.
Вале ӯ мебинад, ки паттазор аллакай наздик аст ва андаке дилаш бардошта мешавад; ӯ аспи аз мадор рафтани худро маҷбур менамояд, ки охирин қувваташро сарф кунад ва ба сӯи беша роҳ пеш мегирад.
Дар рӯ ба рӯи ӯ борикраҳа намоён мешавад. Колхаун аз борикраха ним миль асп метозонад. Ӯ ба хамгашт наздик мешавад. Аз он гузашта дар паттазор нопадид гардидан осон мебошад.
Ӯ мавзеъро ниҳоят нағз медонад. Он аллакай қариб ба сараш бало оварда буд. Ин дафъа ҳам оё он ба сараш бало оварда бошад?
Оре. Ӯ инро ҳис мекунад ва тамоман ихтиёрро аз даст медиҳад. Садои суми асп аз наздик шунида мешавад, овози интиқомгиранда баланд гардида, талаб менамояд, ки ӯ дар ҷояш истад.
Не, ӯ ба тоб хӯрда аз пайраҳа баромадан, ба гурехта ғоиб шудан фурсат намеёбад! Ӯ фигоне кашида, аспро нигоҳ медорад. Ин фигон мисли ғурроси паланг, ки сагон ӯро иҳота кардаанд, аз маъюсӣ ва қаҳру ғазаб мебошад. Баробари кашидани фигон даст бардошта мешавад ва баъди он шӯълаи оташ намудор мегардад, абпрораи дуд зада мебарояд, садои касарос шунида мешавад — ин садои тири таппонча мебошад.
Вале тир ба нишон намерасад.
Мисли ин ки химчин тар ҳаворо бурида бӯлак мекарда бошад ва гӯё мори дароз печутоб хӯрда ба ҳаво мебаромада бошад, дар ҷавоб садои хуштак шунида мешавад.
Колхаун онро аз миёни пардаи дуд мебинад. Мор рост ба болои ӯ меафтад.
Ҳалқаи кассо ба китфони ҷинояткор мефурояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор