Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун дуюмбора ба зер кардани куланг, ҳатто ба тоб хӯрда аз банди лассо халос хӯрдан фурсат нест: ҳалқа ба китфони ӯ мефурояд. Садои фарёд баланд мегардад: «Таслим шав, қотил!» Кассий Колхаун мебинад, ки аспи турук тоб мехӯрад ва баъди як лаҳза ба назараш чунин менамояд, ки гӯё ӯро аз пои дор поин партофтанд.

Ӯ дигар ҳеҷ чиз намешунавад, намебинад ва ҳис намекунад. Ӯ аз зин барканда шуд ва бо шаст ба замин афтида, аз ҳуш рафт.

Боби XCVIII

ҲОЛО ЗИНДА

Қотил дар рӯи замин беҳаракат начунбида мехобад. Ҳалқаи лассо таранг кашида шуда дастони ӯро ба баданаш ҷафс кардааст. Ӯ ба назар мисли мурда менамояд.

Вале мустангер медонад, ки ин фақат ҳолати беҳушӣ, шояд, бардӯрӯғ бошад, — бинобар ҳамин лассоро таранг кашида аз зин намефурояд.

Аспи турук ба раъйи соҳибаш итоат карда аз ҷой намечунбад ва ҳар дақиқа тайёр аст, ки ё пуштинок равад, ё дав гирад.

Қаргасони сиёҳ садои тирро шунида, парвоз карда меоянд — онҳо тӯмаро ҳис карда, гарданҳои лучи худро ёзонданд.

Ҳаракате аз ҷониби шахси бар зин нишаста басанда аст ва он чиро, ки онҳо хоҳиш доранд, насибашон мегардад.

— Ӯ ба ин сазовор мебошад, — худ ба худ ғур-ғур мекунад мустангер. — Ҳатто фикр кардан даҳшатнок мебошад, ки ба чӣ гуна ҷиноят ӯ иқдом кардааст! Тагобачан худро кушта, сар задааст. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҳардуяш ҳам кори ӯст. Вале охир чаро ӯ ин корро кардааст? Инро фақат худи ӯ фаҳмонида метавонад... Ман, зоҳиран, пай мебарам. Медонам, ки ӯ духтари тагояшро дӯст медорад; шояд, додараш ба ӯ халал мерасонид? Вале чӣ тавр ва барои чӣ? Ин фақат ба худи вай маълум.

— Саҳв мекунӣ, йигит, — нохост овози касе шунида мешавад. — Одаме ҳаст, ки ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода метавонад. Зеб Стумпи пир ба хизмати шумо тайёр. Вале ҳозир вақт ва ҷои чунин гапҳо нест. Мо бояд ӯро ба назди дарахти балут

пешина
аз 509