Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
марг намебошад, дар ин ҷо гавазни дар сари дав тирхӯрда, ё аспи ваҳшии тасодуфан дар дашт аз пой афтида, агар мабодо ӯ пора-пора карда нашавад, пас аз як муддати кӯтоҳ ба қонунияти фосидшавӣ ва дандонҳои койотҳо ситезаҷӯёна мебарояд; дар ин ҷо ҷасади ба хок супурда нашуда ва болояш напӯшида пас аз чилу ҳашт соат ба мумиёи Миср мубаддал мегардад.
Дар байни ҳозирон кам касоне ёфт мешаванд, ки бо ин хусусиятҳои иқлими Техас, он қисми он, ки дар наздикии қаторкӯҳи Сиерра Мадре ва хусусан дар байни шохаи силсилаи кӯҳи Льяно-Эстакадо воқеъ гардидааст, шинос нестанд.
Агар савораи бесарро ба зери дарахти балут меоварданд, ҳеҷ кас дар тааҷҷуб намемонд, ки дар ҷасади Генри Пойндекстер қариб аз фосидшавӣ осоре дида намешавад. Ин қисми ҳикоя дар дили сомеон ҳеҷ шакку шубҳа ба амал намеорад.
Сабаби дигаре боиси бесабрии онҳо мегарддад — онро гумони баде ба вуҷуд овардааст, ки дар аввал мурофиаи суд пайдо шуда буд ва ҳар қадаре ки идома меёфт, боз ҳам зиёдтар пурқувваттар мегардид ва оқибат рафта-рафта ба боварӣ табдил ёфт.
Қариб ҳар яке аз ҳозирон баёни шоҳидеро, ки шаҳодати вай мебоист ба айбдор озодӣ бармегардонд ё ӯро ба сари дор мефиристод, шунидани шуда бетоқатӣ мекард.
Ана барои чӣ ҳама ба он тараф менигаранд, ки кабудии ёкутранги осмон ба сабзии зумурадранги саванна омехта мешавад.
Боби XCV
ШОҲИДИ ОХИРИН
Интизории пуршиддат дар байни хомӯшии пуртантана расо даҳ дақиқа давом мекунад.
Сари ҳар чанд вақт нидоҳои ҷудогона хомӯширо халалдор мекунанд. Гоҳ ба назари яке, гоҳ ба назари дигаре чунин менамояд, ки дар уфуқ нуктаи намоён шуд. Дар он сурат байни издиҳом ғалоғула бармехезад ва ҳама нӯги по меистанд, ки онро дурусттар бубинанд. Маротибаи сеюм буд, ки шӯру ҳаяҷон дурӯғ мебаромад. Тоқати тамошобинон тоқ мешавад, вале нохост маротибаи чорум нидоҳои басе баланд ва басе дилпур шунида мешаванд. Ва дар ҳақиқат, дар уфуқ нуктаҳои сиёҳе намудор гардида, зуд калон шуда, ба андомҳои ҳаракаткунанда табдил меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор