Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хобам бурдааст, вақте ки бедор шудам, дар наздам душмани нави бадхайбатро дидам. Он паланг буд. Дар байнамон задухӯрд рӯй дод; вале он бо чӣ анҷомид, дурудароз давом кард ё не, чизе гуфта наметавонам. Бигузор инро ба шумо наҷотдиҳандаи диловари ман — Зеб Стумп фаҳмонда диҳад, ки умедворам ба зудӣ гашта меояд ва ҳамаашро, инчунин боз чизҳои бисёри дигар нақл карда медиҳад, ки ман аз шумо зиёдтар намедонам. Ба ғайр аз хобҳои пурваҳшате, ки гоҳ-гоҳ дар байнашон хобҳои пурсаодат низ медиҳам, дигар ҳеҷ чизро дар хотир надорам, — ман фақат парирӯз ба ҳуш омадам ва фаҳмидам, ки дар ҳабсхонаам ва маро ба одамкушӣ айбдор мекунанд... Ман гапамро тамом кардам, ҷанобон вакилони даъво.

«Агар ин ҳақиқат набошад, нағз фикр карда шудааст», — вақте ки айбдор ҳикояи худро тамом кард, фикри раиси суд, вакилони даъво ва тамошобинон ҳамин тавр буд.

Аксарият ба суханони айбдор бовар карданд ва фикри гапи бофта будани нақли ӯро аз сарашон дур карданд: шахсе ки нав аз вараҷа хестааст, чунин нақли оддии бетафсилро фикр карда бароварда наметавонист.

Тамоман аз ақл берун аст, ки вай чунин воқеаро бофта бароварда бошад — ана ба чӣ гуна хулоса меоянд аксарият.

Назар ба нутқи пурҳарорати ҳимоякунанда, баёноти самимонаи айбдор барои сафед кардани ӯ хеле ёрдам намуд.

Аммо ба ҳар ҳол ин фақат гуфтаи ӯ мебошад. Барои сафед кардани ӯ боз шаҳодати тасдиқкунандаи шоҳидон лозим мебошад.

Шоҳиде, ки аз вай бисёр чизҳо вобаста аст, куҷо шуд? Куҷост Зеб Стумп?

Ҳазорон чашм ба уфуқ дӯхта мешаванд. Панҷсад кас бесаброна омадани шикорчии пирро мунтазир мешаванд. — У ҳамроҳи Қассий Колҳаун омада бошад ё танҳо; ҳамроҳи савораи бесар меомада бошад ё бе ӯ — охир акнун вай дигар муаммо набуд.

Ҷамъомадагон медонанд, ки дар ин воқеаи рӯйдода, чизи ғайри имкон нест. Онҳо бошандагони Техаси шарқӣ-ғарбӣ мебо-шанд, ки бо Льяно-Эстакадо ҳамҳудуд буда, дарёи обаш софи Леона аз он ҷо сар мешавад ва Рио-де-Нуэсес оби садҳо дарё-ӯчаҳои булӯр барин шаффофро ба худ ҷамъ мекунад; ин одамон дар кишваре зиндагӣ мекунанд, ки фосидшавӣ ҳамсафари доимии

пешина
аз 509
навбатӣ