Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
буд, ки дар он наздикӣ бояд дарёчае бошад. Гоҳ чорпоя гаваҳкашон, гоҳ ба асобағали дастӣ сохташуда такякунон ба лаби дарёча расидам. Ташнагиамро шикаста, сабукие ҳис намудам ва дере нагузашта хобам бурд. Аз хоб бедор шуда дидам, ки маро койотҳо иҳота кардаанд. Онҳо камаш бисту таг буданд; ман, ки тарсончакин онҳоро медонистам, аввал натарсидам; аммо аз ноиложӣ ба зудӣ муносибатамро нисбат ба онҳо тағйир додам. Онҳо диданд, ки ман ярадор мебошам, шердил шуданд. Баъди чанд гоҳ тамоми даста ба ман ҳамла намуд. Ягона яроқе, ки хушбахтона, ҳамрохам монда буд, корди шикорчигӣ буд. Агар он намебуд, даррандаҳо маро пора-пора карда мехӯрданд. Чанд гоҳ ман бо корд худро мудофия карда, панҷ-шаш тои онҳоро куштам. Аммо, бо вуҷуди он, задухӯрд ба зарари ман анҷомид. Хунам бисёр рафт, ҳолу мадорам памонд ва ана-ана аз бедармонӣ меафтидам, агар хушбахтона воқеае рӯй намедод...
Мустангер дақиқае хомӯш гардид ва тамошобинон нафас рост карданд.
— Маро саги бовафоям Тара ёфт, — давом намуд Морис. Шояд, барои ҷустуҷӯи ман аз хона гурехта буд; агарчӣ ман баъд дигар шарҳу баён шунида бошам ҳам, ҳозир бо ин диққати шуморо намегирам. Ҳарчи набошад саг маро ёфт ва ба вақташ ёфт, ки наҷот диҳад. Баробари наздикшавии ӯ койотҳо гурехтанд ва ман аз марги пурдаҳшат наҷот ёфтам. Баъд боз хобам бурдааст, ё шояд, аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба худ омадам, акнун вазъиятамро ҳартарафа фикр карда метавонистам. Медонистам, ки саг аз хона омадааст; инчунин медонистам, ки ҳакалаи ман дар масофаи якчанд мил аз ин ҷо воқеъ гардидааст ва хизматгорам Фелим як рӯз пеш ӯро ба он ҷо бурда буд. Ман хостам сагро ҳамчун почтальон истифода намуда, рукяе ба номаш равон кунам. Ман ба визиткартае, ки тасодуфан ҳамрохам буд, якчанд сухан навиштам. Агарчӣ нағз медонистам, ки хизматгорам савод надорад, аммо шубҳа намекардам, ки карточкаро маро дида, аз кӣ будани рукяро пай мебарад ва ягон касро ёфта мехононад. Хусусан боварӣ доштам, ки онро бо хун навиштаам.
Барои эҳтиёт ман карточкаро ба порчаи клеёнка печонидам ва пакетчаро ба гарданбанди Тара бастам. Бо машаққати зиёд сагро аз наздам рондам. Оқибат саг монда рафт; ман умед доштам, ки ӯ тохта ба хона меравад. Маълум шуд, ки рукяи ман ба дасти одами даркорӣ мерасад; агарчӣ дар ин бора фақат дирӯз фаҳмидам. Пас аз рафтани саг дере нагузашта боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор