Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бо овоз ва зонуҳоям идора мекунам ва парвои лаҷом надорам. Он чизеро ки ба зудӣ рӯй дод, пешбинӣ карда натавонистам. Мо ҳанӯз ба роҳ надаромада, аспи ман савор будагӣ сарашро ба қафо гардонд ва нохост аз ким-чӣ тур гирифта, чапғалат дод ва девонавор пеш тохт. Ман «ким-чӣ» гуфтам, вале маҳз чӣ гуфтанамро нағз медонам. Сарашро баргардонида, савораи бадхайбатеро дид, ки акнун дар равшании рӯз нафақат ҳар як асп, балки одамро метарсонид. Ман лаҷомро ба даст гирифтанӣ шудам; вале то ба он даст бурдам, ки асп бо тамоми суръат давид. Дар аввал ин маро чандон ба ташвиш наандохт. Ман фикр мекардам, ки ҳозир лаҷомро ба даст мегираму ӯро нигоҳ медодам. Аммо ба зудӣ фаҳмидам, ки ин чандон кори осон нест. Лаҷом то гӯшҳои асп фуромада буд ва барои ҳам шуда гирифтани он ба рӯи гардан ёзидан лозим буд. Ҳоло ки лаҷомро ба даст гирифтанӣ мешудам, намедидам, ки асп маро гирифта ба куҷо мегурезад. Фақат ҳамон вақте, ки шохҷае сахт ба рӯям зад, дидам ки мо аз борикраҳане, балки аз байни паттазор тохта меравем. Пас аз ин на имконияти ба гирду атроф нигоҳ кардан доштам, на ба даст гирифтани лаҷом. Тамоми диққатам ба он равона карда шуда буд, ки аз шохҷаҳои акоқиё рӯй тобам, ки гӯё дастони хордори худро барои аз рӯи зин кашида партофтани ман паҳн карда буданд. Ман басе устокорона аз онҳо тоб мехӯрдам, агарчи дасту рӯямро мехарошиданд. Аммо аз зери шохи дарахти калоне, ки дар болои пайраҳа ба дараҷаи сари синаи ман кӯндаланг меистод, безарар гузаштан муяссар нашуд. Аспи ман, ки зоҳиран, боз аз ким-чӣ харосида буд, дартоз аз зери он гузашт. Баъд ба кадом тараф гурехта рафтани ӯро гуфта наметавонам, — шумо, эҳтимол, инро аз ман беҳтар донед. Фақат гуфта метавонам, ки бо пешонии харошида ва бо пои варами дардаш ҷонқоҳ дар зери дарахт мехобидам. Вале инро ман пас аз ду соат дидам. Вақте, ки ҳушам ба сарам омад, дидам, ки офтоб аллакай баланд баромадааст ва дар болоям си-чил қарғас парвоз карда гаштааст. Ман гардан дароз кардани онҳоро медидам ва гуфта метавонистам, ки киро тӯъмаи худ мешуморанд.
Ин манзара, инчунин ташнагии тоқатшикан маро маҷбур карданд, ки фикри рафтанро бинам. Аммо вақте ки аз ҷо хестам, ҳис кардам, ки як қадам ҳам гузошта наметавонам. Ғайр аз ин ба зӯр сари по меистодам. Дар ҷоям истодан бо марг баробар буд — ба ҳар ҳол, ҳамон вақт ба назарам ҳамин тавр менамуд. Ин фикр, ки маро ҳадаҳа мекард ва ман тамоми қувватарамро ҷамъ намудам, ки ба лаби об рафта расам. Дар хотирам

пешина
аз 509
навбатӣ