Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

боз як фикри басе қулай ба майнаам омад. Як вақтҳо, ки доир ба гаучҳои Америки Ҷанубӣ хонда будам, нохост ба хотирам омад. Вақте, ки ягон касашон мемурад ё дар ягон ҷо дар пампасҳо сари фалокате гирифтор мешавад, гаучо рафиқи ҳалок гардидашонро мисли одами зинда ба асп савор карда ва ба зин баста ба хонааш меоранд. Чаро ман бо ҷасади Генри Пойндекстер ҳамин тавр накунам? Ман аввал кӯшиш кардам, ки марҳумро ба аспи худаш савор кунам. Вале хонаи зин ба қадри кофӣ чуқур набуд, асп бошад ҳеҷ ором намегирифт ва боз саъю кӯшишам барабас рафт. Фақат як илоҷ мемонд: барои то хона рафта расидан, аспҳоро иваз кардан лозим буд. Медонистам, ки аспи ман муқовимат нишон намедиҳад; ғайр аз ин, зини чуқури мексикой барои иҷрои ин мақсад бояд хеле мувофиқ бошад. Ба зудӣ ба ман муяссар гардид, ки марҳумро дар ҳолати табиӣ шинонам. Қарахтие, ки пештар ба ман халал мерасонд, акнун, баръакс, ёрдам кард. Ман пойҳояшро ба узангу дароварда, сагаки соқпӯшҳояшро сахт кашида бастам — акнун ӯ дар рӯи зин устувор меистод. Пас аз ин як булаки лассоро бурида, ба миёни ҷасад печонидам ва як нӯкашро ба коши зин ва нӯки дигарашро ба пушти зин бастам. Барои он ки пойҳояш начунбанд, бо дигар булаки лассо узангуҳоро ба зери шиками асп бастам. Акнун илоҷи калларо ёфтан лозим буд, ки онро ҳам гирифтан лозим буд. Ман онро аз замин бардоштам ва кулоҳро гирифтанӣ шудам. Вале ин ғайри имкон буд: пӯст варам карда сомбреро ба сар чафс нишаста буд. Чун боварӣ ҳосил намудам, ки кулоҳ аз сар намеафтад, як булак ресмонро ба сагакҷае, ки лентаро пайванд мекард, бастам ва ҳамроҳи сар ба коши зин овехтам. Бо ҳамин тайёрии бозгашт ба қалъа анҷом ёфт. Фурсатро аз даст надода, ҷаста ба аспи мақтул савор шудам ва ба аспи худам хуштак кашидам, ки аз пасам биёяд: асп бо ин одат карда буд. Ҳамин тавр мо ба сӯи посёлка равон шудем... Ягон панҷ дақиқа нагузашта, ман аз рӯи зин зада афтонида шудам ва аз ҳуш рафтам. Агар ҳамин ҳолат намебуд, ман дар ин ҷо дар назди шумо — ба ҳар ҳол ҳамчун айбдор намеистодам.

— Аз зин зада афтонида шудед? — хитоб менамояд раиси суд.— Ин чӣ тавр рӯй дод?

— Ин тамоман тасодуфан рӯй додӣ, дурусттараш, ҳамааш аз бепарвоии ман буд. Ба аспи бегона савор шуда лаҷомро ба даст нагирифтам. Ман одате дорам, ки аспамро фақат

1 Пампасҳо — даштҳои сералафи Америки Ҷанубӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ