Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

онро пора-пора мекарданд. Каргасон аллакай дар ҳаво парида мегаштанд. Зоҳиран, онҳо ӯро дида буданд. Ҷасади ҷавон ҳар қадар маъюб карда нашуда бошад, ман роҳ дода наметавонистам, ки ӯро боз бештар баднамо кунанд. Ман дар бораи чашмони муҳаббатомезе фикр мекардам, ки ашк рехта ба ӯ менигаранд...

БОБИ XCIV

СИР КУШОДА МЕШАВАД

Айбдор хомӯш гардид. Ҳеҷ кас ӯро саросема намекунад, савол намедиҳад. Ҳама мефаҳманд, ки нақл ҳоло ба поён нарасидааст ва намехоҳанд риштаи ҳикояро, ки то рафт бештар онҳоро ба худ ҷалб мекунад, буранд.

Раиси суд, вакилони даъво, тамошобинон — ҳама дам ба дарун гирифта ва аз айбдор чашм наканда мунтазир шуда меистанд.

Дар хомӯшии пуртантана боз овози ӯ баланд мегардад.

— Баъд фикре ба сарам омад, ки ҷасадро ба серапеи кит-фаш будагӣ печонам ва аз болояш боронии худамро партоям! Ба ҳамин тариқ ман умед доштам, ки то ҳамроҳи ягон кас гашта омадан ва ӯро бор карда бурдан, аз каргасон ва койотҳо эҳтиёт кунам. Ман бороннамро аз тан кашидам, вале дар майнаам нақшаи наве пухта расид, ки ба назарам бештар оқилона буд. Ба ҷои танҳо ба қалъа баргаштан, қарор додам ки ҷасади марҳумро низ бо худ биёрам. Ман фикр кардам, ки ӯро ба сагрии асп хобонда бо лассо бастан мумкин аст. Бо ҳамин ният ман аспамро наздик бурдам ва акнун ҷасадро бардоштанӣ будам, ки нохост дуртар аз он ҷо аспи дигар — аспи мактулро дидам. Асп тамоман наздик буд ва гӯё ҳеҷ воқеа рӯй надода бошад, оромона чарида мегашт. Лаҷомашро рӯ-рӯи замин мекашид ва ӯро бо осонӣ дастгир кардам. Аспро ба қарор истодан маҷбур намудан мушкилтар буд, хусусан вақте ки ӯро ба ҷасад наздик бурдам. Лаҷомро бо дандон дошта, як илоҷ намуда ҷасадро бардошта тарвоза ба рӯи зин гузоштам. Аммо ҷасад ҳама вақт лағжида мефуромад — ӯ аллакай шах шуда буд ва ҳам намешуд. Ба замми ин асп рахти пурвахшатеро, ки мебоист бардошта мебурд, ҳис карда, қарор намеистод. Якчанд маротиба зӯри беҳуда задам ва дидам, ки натиҷае ҳосил намешавад. Аз нияти худ гаштанӣ будам, ки нохост

пешина
аз 509
навбатӣ