Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ман ба чашмам бовар намекардам. Вақте каме ором шуда фаҳмидам, ки Генри Пойндекстер кушта шудааст, аввал фикр кардам, ки ин кори команчиҳо мебошад. Вале дар айни замон пӯсти сараш ҷудо карда нашуда ҳатто кулоҳ дар сараш буд.
— Ба ҳамин тариқ, шумо қарор добед, ки ҳиндуҳо ба ин дахл надоранд?
— Бале.
— Шумо боз аз ягон кас гумонбар шудед?
— Ҳамон вақт — не. Ман ҳеҷ гоҳ, на дар ин ҷо, на умуман дар ягон ҷои дигар, душман доштани Генри Пойндекстерро нашунида будам. Вале баъд дар дилам шубҳа пайдо шуд ва то ҳозир дар дилам мондааст.
— Онро ба суд гӯед.
— Ман эътироз мекунам, — ба гап ҳамроҳ мешавад прокурор. — Бо гумону шубҳаи айбдор шинос шудани мо ҳеҷ зарурате надорад. Ба назарам, ҳикояи басе «ба ҳақиқат монандӣ» ӯро шунидани мо кифоя аст.
— Бигузор давом диҳад, — сигори навро даргиронда, супориш медиҳад раиси суд.
— Гӯед, ки баъд чӣ кор кардед? — мегӯяд сафедкунанда.
— Ман, ки аз тамоми чизҳои дидагнам дар ҳайрат монда будам, аввал чӣ кор карданамро надонистам. Ман боварӣ доштам, ки ҷавон қасдан — маҳз бо ҳамон тире кушта шудааст, ки ман садояшро шунида будам. Вале тирро кӣ парронд? Ҳиндуҳо набуданд — ман ба ин шубҳа надоштам. Ман фикр кардам, ки ин кори ягон роҳзан бошад. Вале ин ҳам ҳамон хел ба ҳақиқат монанд набуд. Нархи серапеи мексикоии ман аз сад доллар зиёд набуд. Ӯ, албатта, онро мегирифт. Ва умуман ба ягон чизаш даст расонда нашуда буд, ҳатто соати тилло дар кисааш буд ва дар гарданаш занҷирчаи хунолуд ялаққос мезад. Ман ба хулосае омадам, ки қасос гирифтанӣ шуда ӯро куштаанд. Ман ба хотир меовардам, ки ягон вақт бо ягон кас муноқиша кардани Пойндекстери ҷавон ва душман доштани ӯро шунидаам ё не. Аммо ягон воқеа ба хотирам наомад. Ва, ғайр аз ин чӣ зарурат буд, ки қотил каллаашро аз тан ҷудо кунад. Бештар аз ҳама ин маро дар ҳайрат моност. Ман эзоҳе наёфта дар андешае будам, ки чӣ илоҷ кунам. Чӣ хеле ки гӯрондани ҷасад фоида надошта бошад, дар назди ӯ истодан низ ҳеҷ нафъ надошт. Ман қарор додам, ки барои пурсидани ёрӣ ба қалъа равам, то ҷасадро бор карда ба Каса-дель-Корво барам. Вале агар ман ӯро дар беша мегузоштам, койотҳо ҷасадро меёфтанд ва то гашта омадани ман, ҳамроҳи каргасон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор