Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳоҷати нигоҳ карданам набуд. Сарулиноси ӯ ба қадри кофӣ ҳамаашро мефаҳмонд.
— Чӣ хел сарулибос?
— Серапеи раҳ-раҳ бар китф ва сомбреро бар сар. Онҳо аз они ман буданд. Агар мо сарулибос иваз намекардем, фикр мекардам, ки худам хобидаам. Ин Генри Пойндекстер буд.
Боз нолиши ҷигарсуз баланд мегардад — он садои пичирпичири пурҳаяҷони издиҳомро пахш мекунад.
— Давом диҳед, сэр, — мегӯяд сафедкунанда. — Гӯед, ки боз чӣ дидед?
— Вақте ки ба ҷасад даст расондам, ҳис кардам, ки баданаш сард ва тамоман шах шудааст. Ман фаҳмидам, ки ӯ якчанд соат боз ба ҳамин аҳвол хобидааст. Хун баста, қариб хушк шуда буд. Ба ҳар ҳол дар равшании субҳ ба назарам ҳамин тавр намуд — офтоб ҳанӯз набаромада буд. Доир ба сабабҳои марғаш бо осонӣ иштибоҳ намуда, фикр карданам мумкин буд, ки ӯро кушта сарашро аз тан ҷудо кардаанд, вале садои тири шаб шунидагиамро ба хотир оварда, андеша намудам, ки дар баданаш бояд боз як ҷароҳат бошад. Тахминам рост баромад.
Вақте ки ҷасадро ба тахтапушт гардонидам, дар серапе сӯроҳеро дидам. Атрофи ҷои сӯрохии матоъ хунро ба худ ҷабида гирифта буд. Лаби сераперо бардошта, дар сари синааш доғи аргувонии кабудча дидам. Бо осонӣ муайян кардан мумкин буд, ки он ҷои тир мебошад. Аммо дар тахтапушташ захм набуд. Дида мешуд, ки тир дар баданаш мондааст.
— Оё чунин мешуморед, ки сабаби ҳалокат бурида шудани сар нею тир буд?
— Ҷароҳат, бешубҳа, марговар буд. Агар аҷалаш фавран нарасида бошад ҳам, ба ҳар ҳол, баъди якчанд дақиқа ё ҳатто сония фаро расидааст.
— Шумо гуфтед, ки сараш буридагӣ буд. Чӣ, тамоман аз тан ҷудо буд?
— Агарчӣ ба бадан чафс бошад ҳам, тамоман ҷудо буд, тавре ки гӯё пас аз зарба на ба бадан, на ба сар касе даст нарасонида буд.
— Ба тахмини шумо, зарба бо чӣ гуна аслиҳа зада шуда буд?
— Ба назарам, бо табар ё бо корди шикорчӣ.
— Дар дилатон ягон шубҳа пайдо нашуд, ки ин ҷинояти бадкирдоронаро кӣ ва барои чӣ карда бошад?
— Ҳамон вақт пайдо нашуда буд; ман чунон ба ҳарос афтода будам, ки дар бораи ҳеҷ чиз фикр карда наметавонистам.

пешина
аз 509
навбатӣ