Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамчунон бо ҷӯшу хурӯш талаб менамояд, ки он то фардо мавқуф гузошта шавад, чунки ҳанӯз шоҳиди аз ҳама даркорӣ Зеб Стумпро напурсидаанд. Овозҳо баланд гардида талаб менамоянд, ки мурофиа давом дода шавад.

Шавқунчиён ба мақсади худ ноил гардиданд. Қарор карда шуд, ки маҷлиси суд давом дода шавад, зеро ҳоло бе шоҳиди ғоибин корро пеш бурдан мумкин. Шояд, ӯ ҳоло расида биёяд. Агар наояд масъалаи ба таъхир мондани суд ҳеҷ дер намешавад.

Раиси суд ҳамин тавр қарор медиҳад. Вакилони даъво ӯро дастгирӣ мекунанд. Издиҳом низ шарик мешавад.

Аз нав айбдорро чег мезананд. Ӯ шаҳодати худро, ки ногаҳон бурида шуда буд, давом медиҳад.

— Шумо чизи дидагиатонро ба мо нақл кардаӣ будед,— мегӯяд сафедкунанда ба миҷози худ. — Давом диҳед. Шумо чӣ дидед?

— Одами дар рӯи алаф даступо ёзондагиеро дидам.

— Хобидагиро?

— Бале, ба хоби абадӣ рафтагиро.

— Мурдагиро?

— Аз мурда бадтар, агар ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад. Ман ба болои ӯ ҳам шуда сарашро буридагӣ дидам.

— Сарашро буридагӣ?

— Ҳа. То ба болояш ҳам нашудам, инро надидам. Ӯ рӯйнокӣ мехобид ва сараш дар ҳолати табиӣ буд. Ҳатто ҳанӯз кулоҳ дар сараш буд. Ман умед доштам, ки хобидааст, агарчӣ ҳис мекардам, ки дар ин ҷо ягон бало ҳаст. Дастонаш мурда барин дароз партофта шуда буданд, пойҳояш ҳам. Ғайр аз ин дар рӯи алаф ким-чӣ сурх буд, дар равшании хираи саҳарӣ ман дарҳол чӣ буданашро нафаҳмидам. Вақте ҳам гашта диданӣ шудам, бӯи аҷиби мӯртамъ — бӯи хуни одамиро ҳис кардам. Он гоҳ дар дилам шубҳа намонд, ки дар наздам ҷасад хобидааст. Ман ҷароҳати чуқуреро дар ҳами гарданаш дидам, ки хун баста буд. Баъд дидам, ки сар буридагӣ мебошад...

Ҷамъомадагонро ваҳшат зер кард. Нидоҳои баланд гардиданд, ки дар чунин мавридҳо муқаррарӣ мебошанд.

— Шумо он шахсро шинохтед?

— Дареғо, ҳа.

— Ҳатто ба рӯяш нигоҳ накарда шинохтед?

пешина
аз 509
навбатӣ