Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ин ба таъхир андохтани суд не, балки танаффуси ногузире буд, ки бе қилу қол қабул карда шуда буд.
Як соат мегузарад. Раиси суд дар ин байни ду сигор кашид ва анча коньяк нӯшид. Ӯ бо прокурор, ҳимоятчиҳо, боқимондагони вакилони даъво ва бо он қисми тамошобиноне, ки пиёда омада буданд ё асбони худро давонда ҳалок кардан намехостанд, бетакаллуфона шишта гап мезад.
Ёфтани мавзӯи гап осон буд. Воқеаи навакак рӯй додагӣ ба андозае пурасрор мебошад, ки дар бораи он на фақат як соат-ду соат, балки то абад гап задан мумкин.
Ҳама эзоҳашро меҷӯянд ва бо камоли бесабрӣ гашта омадани таъқибкунандагонро мунтазир мешаванд.
Онҳо умедворанд, ки скибат савораи бесар ба даст меафтад ва бо туфайли ин на фақат асрори ӯ кушода мешавад, балки то як андоза асрори қатл равшан мегардад.
Дар байни онҳо шахсе ҳаст, ки якумашро фаҳмонда дода метавонад, агарчи душман низ ба ӯ маълум намебошад. Ин айбдор мебошад. Ҳамин ки ба ӯ имконият доданд, ӯ нақли худро давом медиҳад.
Аммо ҳозир бо супориши раиси суд ва бо маслиҳати сафедкунандаи худ, ӯ хомӯш меистад.
Пас аз якчанд вақт таъқибкунандагон баробар не, балки гурӯҳ-гурӯҳ, пешу қафо бармегарданд.
Ҳамаашон як гапро мегӯянд: ҳеҷ кадомашон ба қадри кифоя ба савораи бесар наздик нарафтанд, ки ба чизи аллакай маълум будаи акаллан ягон чиз илова кунанд. Ҳамин тавр сирри вай норавшан монд.
Дере нагузашта маълум мегардад, ки он ду касе, ки аввалин шуда ба дунболгирӣ сар карда буданд, ҳанӯз гашта наомадаанд. Онҳо шикорчии пир ва капитани мустаъфӣ буданд; маротибан охир онҳоро пеш-пеш дар масофаи хеле дур дида буданд. Онҳо оё ҳамон дунболгириро давом дода истода бошанд? Шояд, саъю кӯшиши онҳо бо муваффақият анҷом ёфта бошад...
Ҳама ба дашт чашм медӯзанд. Ҳама умед доранд, ки дар он ҷо ҳар ду иштирокчии аз ҳама саботкор ва ҳамроҳашон, шояд, савораи бесарро бубинанд.
Аз байн як соат мегузарад, вале аз онҳо ҳамоно дарак нест, — онҳо на фақат ҳамроҳи худ асири муддатҳо чашм дошташударо наоварданд, балки худашон наменамоянд.
Оё кирои он мекунад, ки мурофиаи суд ба таъхир мононда шавад?
Прокурор ба давом намудани мурофиа исрор мекунад, сафедкунанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор