Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Колхаун аз дур ким-чиро мебинад, ки ин боиси ҷӯшиши тарсу хароси нави ӯ мегардад — ӯ боз лаҷомро кашида ба фикру хаёл фурӯ меравад.

Дар наздаш интихоби мудҳише истодааст: дар паттазор аз чашми одамӣ руст шавад ё худ таваккал карда ба пешвози тӯфон, ки бо суръат ба ӯ наздик меояд, равад?

Ӯ ба додани ҳама он чӣ ки дошт, ҳама он чӣ ки дар оянда барои гирифтани он, ҳатто Луиза Пойндекстер умед бастааст, розӣ мебошад, фақат барои он ки ақаллан даҳ дақиқа аз Зеб Стумпи манфур халос шавад, фақат барои он ки бо савораи бесар танҳо бимонад.

Вале ин ғайри имкон мебошад. Зеб Стумп нобанопазир мебошад ва, агарчӣ Колхаун дар ин бора фикр кардани нашавад ҳам, ҳис мекунад, ки шикорчии пир ӯро асири ҳақиқӣ мепиндорад ва мабодо гурехтагӣ шавад, фикру андеша накарда, ба тахтапушташ нишон гирифта тир холии менамояд.

Аммо Зеб Стумп чӣ ҳам мегӯяд ё худ аз дасташ чӣ кор ҳам меояд. Гумон аст ӯ пай барад ки...

Охири охирон, шояд, ҳоло ҳамааш ба некӣ анҷомад?

Ростӣ гап, Зеб, аз ким-чӣ гумонбар мебошад. Вале оё касе аз ин хавф бурдан мекунад? Аз гумону шубҳа бояд фақат онҳое тарсанд, ки ёрӯ дӯст надоранд. Кассий Колхаун бошад аз будаш зиёд ёрӯ ҷӯра дорад. Ҳеҷ чиз ӯро таҳдид намекунад, ба шарте агар наёбанд он чиро... Оё ба ин умед кардан мумкин аст? Аз даҳ як умед аст. Гумони ғолиб аст, ки он андармон на‐ шуд‐ааст ва акнун дар гулми беша дар ягон ҷо ғалтида хобид‐ааст.

Ин умед ба Колхаун рӯҳ бахшида, таскин меёбад ва бо қиёфаи комилан беэътиноёна, аниқтар аз табиӣ дида, бештар сохта ба дашти кушод мебарояд; аз қафои вай Зеб Стумп са‐ вори модиёни пир бо ҳамроҳии аспи турук ва ҷасади Генри Пойндекстер асп меронад.

Боби XCIII

ҶАСАДИ САРБУРИДА

Мурофиаи судӣ барои он қатъ карда шуда буд, ки аз се як қисми тамошобинон ва нисфи вакилони даъво ба дунболгирии савораи пурасрор шитофта буданд.

пешина
аз 509
навбатӣ