Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ки шикорчӣ гап мезад, аспи турук ва модиёни пир фук ба фук расонданд ва дӯстона фириккос заданд.

— Гуфтагнам шуд! — лачомро, ки ба танаи буттаи акоқиё печида буд, кушода хитоб менамояд Зеб.— Модиёни маро дида оромона аз паси мо омадан мегирад. Ба ҳар ҳол хоҷати буридани гарданаш нест. Хуш, акнун, мистер Колҳаун,— мегӯяд шикорчӣ озмоишкорона ба ӯ нигариста,— ба фикрам, вақти рафтанамон шуд? Суд, эҳтимол, давом карда истода бошад, агар ҳамин тавр бошад, албатта, мо мумкин дар он ҷо лозим шавем.
Ба фикрам, акнун ҳамроҳи мо шоҳиде ҳаст, ки ӯ рӯи ин корро мекушояд ва мустангерро ё ба дор мекашанд ё сафед мекунанд.
Хӯш, ӯ гафтан тайёр ҳастед?

— Албатта! Гапатон дуруст, дар ин ҷо истодани мо нафъ надорад.

Зеб якум шуда ба роҳ медарояд ва асири фармонбардорро ба дунболи худ мебарад. Колҳаун оҳиста-оҳиста ва дили нохоҳам аз қафо меравад.

Дар ҳамгашт, ки пайраҳа аз гирди ҷазирачаи бешагӣ гузашта меравад, Колҳаун меистад ва, зоҳиран, дудила мешавад, ки пеш равад ё гашта ба қафо асп тозонад.

Дар чеҳраи ӯ ғояти ташвишу изтироб дида мешавад.

Зеб Стумп аз пасаш садои суми аспро нашунида, пай мебарад, ки ҳамроҳи вай истод.

Шикорчӣ лачомро мекашад, сари модиёнро мегардонад ва саволомез ба Колҳаун менигарад. Ӯ чеҳраи мушавави ӯро дида, дарҳол чӣ будани гапро пай мебарад.

Шикорчӣ пир ҳеҷ чиз нагуфта, милтикро аз китф мегирад ва ба рӯи даст мегузорад. Ӯ ҳамин тавр нишаста, ба капитани мустаъфин кӯшунхон савора чашм медӯзад.

Зеб хомӯш меистад. Хоҷати гап задан нест, ишорае аз ҷониби ӯ кифоя аст. Нигоҳаш аз сухан дида возеҳтар мебошад:
«Қафо гарду қандата хӯр!»

Агарчӣ Колҳаун худро ба нодонӣ мезанад, ки ҳеҷ чизро пай набурдааст, ҳамаашро нағз мефаҳмад ва хомӯшона роҳро давом медиҳад.

Вале акнун аз қафо рафтан ба ӯ муяссар намегардад. Дар дили шикорчӣ пир шубҳа пайдо мешавад, ӯ барои аз қафо рафтан баҳонае меёбад ва ҳамроҳаш ноилоҷ ба ин розӣ мешавад.

Онҳо оҳиста-оҳиста ба беша равон мешаванд.

Ба дашти васеъ наздик мераванд ва ниҳоят дохили он мегарданд.

пешина
аз 509
навбатӣ