Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
гардани ӯ ҳеч нафъ не. Бе ин ҳам ягон илоҷ кардан мумкин. Зимнан, шумо дар бораи кадом гардан — гардани асп мегӯед?
— Албатта.
— Будагӣ гап. Охир касе ин амалиётро дар одам татбиқ кардааст — агар ба шарте, ӯ одам бошад. Ба назари шумо чӣ хел менамояд, мистер Колҳаун?
— Худо медонад! Ман ҳеҷ чиз фаҳмида наметавонам. Ҳанӯз ба ӯ дурустакак нигоҳ накардаам. Навакак ӯро дарёб кардам. Қувваҳои осмонӣ! — бо тааҷҷуби сохта давом медиҳад ӯ. — Охир ин ҷасади одами мурда аст!
— Шояд, сухани охиринатон дуруст бошад. Гумон аст, ки бесар ӯ зинда бошад. Гӯё дар зери ин латта ҳеҷ чиз руст карда нашудааст, чӣ гуфтед?
— Не. Ба назарам, дар он ҷо ҳеҷ чиз нест.
— Онро камтар бардоред, мебинем.
— Ман ба ӯ даст расондан намехоҳам, афташ бадвоҳима!
— Аҷиб! Як дақиқа пеш шумо ин хел ҳазар намекардед. Яку якбора ба шумо чӣ шуд?
— Ҳа... — тутила шуда мегӯяд Колҳаун, — ман аз зарби дунболгирӣ ба ҳаяҷон омада будам. Аз ин асп ниҳоят оташин будам ва мехостам ба нағмаҳояш хотима гузорам...
— Майлаш, — сухани ӯро мебурад Зеб, — набошад ман худам ба ин кор машғул мешавам... Хӯш, хуш... — ба гапаш давом дода наздик меравад шикорчӣ ва андоми бадҳайбатро аз назар мегузаронад. — Ҳа, дар ҳақиқат ин ҷасади одам. Мурда, ва тамоман карахт шуда мондагӣ... Истед! — лаби сераперо бардошта хитоб менамояд ӯ. — Охир ин ҷасади ҳамон шахсе, ки ҳозир доир ба қатли ӯ тафтиш меравад! Тағобачаи шумо — Пойндектери ҷавон. Вай худош!
— Зоҳиран, шумо дуруст мегӯед... Худоё, дар ҳақиқат ӯ худош!
— Иосафат! — худро ҳайрон вонамуд карда давом медиҳад Зеб.— Ана муаммою мана муаммо! Ҳайр, дар ин ҷо бо ҳар хел фикру хаёл вақтро бекора гузаронидан ҳеҷ фоида надорад. Нағз мешуд, агар мо ҷасадро, чӣ тавре ки дар рӯи зин аст, ба ҷои даркорӣ бурда расонем, ӯ аз афташ, ба қадри кифоя мустаҳкам нишастааст. Аспашро ман мешиносам; ба фикрам, саркашӣ накарда, аз паси модвёни ман меояд... Канӣ, кампирча бо ӯ вохӯрӣ кун! Ҳайр, натарс! Магар намебинӣ, ки ин шиноси дерини ту? Дуруст аст, ки вақтҳои охир аҳволаш саҳл чатоқ буд. Нашинохта бошӣ ҳам, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб не, — чанд вақт мешавад, ки ҳеҷ кас ӯро кашав накардааст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор