Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби XCII

БОЗГАШТИ МАҶБУРИ

Колҳаун саросема лаҷомро медорад.
Асп зӯр зада худро раҳо карданӣ мешавад, вале наметавонад — лаҷоми ба дарахти ақоқиё дармонда ба ӯ халал мерасонад; ӯ фақат дар атрофи буттае, ки нигоҳаш медорад, чарх мезанад.
Савораи вай ҳеҷ чиз пайхас намекунад ва барои гирифтори асорат нашудан ҳеҷ саъю кӯшиш ба кор намебарад; ӯ дар рӯи зин начунбида менишинад ва ба чарх задани асп халал наме-расонад.
Пас аз чанде талош аспи турук гардан мефурорад.
Колҳаун аз хурсандӣ фарёд мезанад.
Вале фикре, ки аз сараш мегузарад, дарҳол ӯро ба хомӯш гаржидан маҷбур месозад: охир ҳар он чи ки ӯ қасд карда буд, анҷом надода аст.
Қасдаш чӣ буд?
Ин танҳо ба вай маълум; ва ба гирду атроф назар андохта-нашро дида, бо осонӣ пай бурдан мумкин буд, ки ӯ намехост ки дигарон аз сиру асрораш огоҳ шаванд.
Колҳаун паттазори гирду атрофро бо диққат аз назар гузаронида ва гӯш дода ба кор шурӯъ мекунад.
Ба шахси ноошно рафтори вай хеле аҷиб менамуд. Колҳаун кордро аз ғилоф мебарорад, дар сари синаи савораи бесар ла-би сераперо мебардорад ва гӯё нӯги онро ба дили ӯ халониданӣ бошад, ба тарафаш ҳам мешавад.
Корд бардошта мешавад... Гумон аст, ки ягон чиз зарбаро нигоҳ дорад...
Ва ба ҳар ҳол зарба зада намешавад. Онро нидои аз байни паттазорон баланд гардида нигоҳ медорад ва дар ялангӣ шах-се намудор мегардад. Ин Зеб Стумп мебошад.
— Ин бозиро бас кунед! — фарёд мезанад шикорчӣ саво-ри асп зуд аз байни буттаҳои паст раҳна карда гузашта. — Бас кунед, мегӯям!
— Чӣ хел бозӣ?— ноаён кордро руст карда саросема ме-пурсад капимани мустаъфӣ. — Дар бораи чӣ мегӯед? Ин ҳайвон ба буттаҳо печида мондааст. Ман тарсидам, ки ӯ боз гурехта меравад ва хостам гарданашро бурам, то ба ин нағмаҳои вай лотима гузорам.
— Эҳ, ана гап дар куҷо? Хӯш, ба гумонам, аз буридани

пешина
аз 509
навбатӣ