Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
«Аҷиб ки паррандаҳои сиёҳ якзайл дар болои сари ӯ парвоз мекунанд. Ҳа, ӯ, албатта, ба ин ҷо омада мемонад. Корам ҳеҷ омад накард, ки дигарон ин қадар наздиканд! Агар ҳамин намебуд, ӯ дигар аз паси ман ҷосусӣ карда гашта наметавонист. Ва ин тавр осонакак!»
Чӣ тавре ки шумо фикр мекунед, чандон осонакак ҳам не, Кассий Колҳаун! Ҳатто паррандагоне, ки дар осмон парвоз карда мегарданд, — агар забон медоштанд, шуморо бовар кунонда метавонистанд.
Онҳо наздик омадани Зеб Стумпро мебинанд; вале ӯ ин корро тавре мекунад, ки садои пои вай шунида намешавад.
«Нағз мешуд, агар изро гум мекард! — аз нав сари аспро гардонида ҳамоно фикр мекунад Колҳаун.— То гум кардани из ба ҳар ҳол ман бояд худам бо он равам, набувад толеи ягон каси ин аблаҳон бештар тофтанаш мумкин... Ҳай каллаварам ҳастам, ки ҳамин қадар вақтро аз даст додам! Агар ман боз таъхир кунам, он пири мафлук аз ман мегузарад ваонгоҳ ҳамааш барбод меравад. Арвоҳ занад, ба ин ҳеҷ роҳ додан лозим не!..»
Колҳаун мустанги худро маҳмез зада, ба андозаи ки пайраҳаи пурпечу ҳам имконият медиҳад, бо шаст пеш метозад.
Дусад қадам роҳ тай карда, якбора дар ҷояш меистаду аз тааҷҷуб ва хурсандӣ якбора дод мегӯяд.
Дар пеши ӯ, дар масофаи бист қадам савораи бесар истодааст. Вай дар байни буттаҳои паст, ки нӯғашон ба зини ӯ мерасанд, қарор меистад.
Сари асп ҳам мебошад; зоҳиран, ҳайвон гилофакҳои акоқиёро канда мехӯрад.
Ба ҳар ҳол, ба назари Колҳаун ҳамин тавр менамояд.
Ӯ зуд милтикро туғрӣ карда нишон мегирад, вале дарҳол мили онро мефурорад. Аспе, ки ӯро нишон гирифтани буд, акнун намеистад ва гилофакҳои акоқиёро канда намехӯрад: ӯ сарашро, ки дар байни шоҳчаҳо ноаён мебошад, беихтиёрона қафо мекашад.
Колҳаун пай мебарад, ки лаҷом, аз қоши зин кушода шуда ба танаи акоқиё дармондааст.
«Оқибат ба даст афтодӣ! Шукри Худо, шукри Худо!»
Колҳаун пеш метозад ва фарёди пуртантанаи худро нигоҳ медорад, то касони аз қафо омада истода овози ӯро нашунаванд. Пас аз як сония капитан худро ба назди савораи бесар — савораи пурасроре, ки ӯро дуру дароз ва барабас дунболгирӣ мекард, мерасонад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор