Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Савораи таъқибшаванда назар ба онҳое, ки аз қафо асп тозонда меоянд, акнун дар вазъияти басе қулай мебошад. Ӯ роҳашро худаш интихоб мекунад, онҳо бояд аз паси вай раванд.
Масофа дар байни саворон зиёд нашуда бошад ҳам, аммо таъқибкунандагон дар байни дарахтон ба зудӣ ӯро ва низ ҳамдигарро аз назар гум мекунанд.
Фақат қаргасон ҳарсеяшонро баробар мебинанд.
Таъқибшаванда ғоиб аз назари таъқибкунандагон дар вазъияти басе соз мебошад. Ӯ метавонад бо тамоми қувва асп ронад, онҳо бошанд изро шинохтагӣ шуда вақтро талаф медиҳанд. Ҳоло онҳо аз рӯи садо роҳро муайян карда метавонанд — ҳамоно садои сум ва ҷарс-ҷарс шикастани шохчаҳо шунида мешавад; ва бо вуҷуди ин таъқибкунандаи пешрав ноумед шудан мегирад.
Ба назари ӯ чунин менамояд, ки дар ҳар як ҳамгашт, масофа торафт зиёдтар мешавад — дар пеш акнун садои сум ба гӯш намерасад.
— Лаънат ба ту! — ноумедона хитоб менамояд Колҳаун. — Боз гурехта меравад! Агар ғайр аз ман дигар касе намебуд, ин ҳеҷ зарар надошт! Вале акнун ман танҳо нестам. Ин иблиси пир аллакай дар беша мебошад. Вақти ба ғулии беша даромаданам, ӯ ҳамагӣ сесад ярд аз ман дур буд. Илоҷи аз пеши назари ӯ дур шудан набуҳад? Не, вай пайгири бисёр нағз... Вале охир ҳар чӣ набуҳад, гурехта халос шудан мумкин!
Колҳаун ин суханонро гуфта, лаҷомро мекашад ва сари аспро ним гардонида пайраҳои навакак омадагиашро бо диққат аз назар мегузаронад. Ӯ мисли шахсе, ки фикран нақша кашида аст ва барои иҷрои он ҷои муносибе кофта истода бошад, зеҳн монда менигарад. Ӯ асабиёна милтиқро ба даст мегирад; дар ҳар як ҳаракати ӯ бесабрии пурҳаяҷон ҳис карда мешавад. Вале ӯ ҳамоно дудила мешавад ва пас аз андаке фикр кардан аз қасди худ даст мекашад.
— Не, ин кори намешудагӣ, — ғур-ғур мекунад вай. — Аз пасам аз ҳад зиёд одам асп тозонда омада истодааст ва баъзеашон ба из сарфаҳм рафта метавонанд. Онҳо яқин ҷасадро меёбанд ва садои овози тирро ҳам мешунаванд. Не! Аз ин ҳеҷ мурод ҳосил намешавад.
Ӯ боз чанде дар ҷояш истода гӯш меандозад. Ҳам пеш ором мебошад ҳам қафо, фақат дар боло болҳои қаргасон ҳи-шир-ҳишир садо мебароранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор