Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Фақат каме аз онҳо то беша мерасанд ва танҳо ду кас дар куҷои паттазор ғоиб гардидани савораи бесарро дида тавонист.
Аз ҳама наздик ба вай савораи мустанги булӯл мебошад; ӯ аспи худро бо суръат меронад ва на маҳмезро дареғ медорад, на қамчин, на овозашро.
Агарчи хеле қафо монда бошад ҳам, марди қадбаланде савори модиёни пир асп метозонад, ки дар сар кулоҳи намадин ва аз кампали кӯҳна нимтана дорад.
Ҳеҷ кас фикр ҳам намекард, ки аспи вай чунин тез тохта метавонад. Савора ӯро на бо қамчин ҳадаҳа мекунад, на бо маҳмез, на бо доду шавкун. Ӯ усули басе бераҳмонаро кор мефармояд; сари ҳар чанд вақт ӯ аспро бо нӯғи корд ҳала мекунад.
Ин ду савор — Қассий Колҳаун ва Зеб Стумп мебошанд.
Ба Қассий Колҳаун чаққонияи мустанги булӯл ёрдам мекунад; ӯ аспашро бо чунин ҷасорат меронад, ки гӯё ҳаёту мамоти вай аз ҳамин вобаста бошад.
Зоҳиран, шикорчии пир низ ҳамчунон азми қатъӣ дорад. Ба ҷои он ки ӯ ба таври муқаррарӣ саросема нашуда аспашро лукка ронад ва ба санъати пайшиносии худ умед бандад, ӯ, зоҳиран, бо қатъияти тамоми мақсад гузоштааст, ки Колҳаунро аз пеши чашм дур накунад.
Ба зудӣ онҳо ба паттазор медароянд; савораҳои боқимонда онҳоро аз назар гум мекунанд.
Аз паттазори анбӯҳ се савор асп метозонанд — онҳо аз пайраҳаҳои рост не, балки ҳайвонгард, гоҳ давр зада, гоҳ аз байни дарахтон бо устогӣ гузашта мераванд.
Онҳо аз ҳеҷ чиз наҳамида, на хорҳои ҳаландаи кактус ва сӯзанҳои тези ақоқиёро ҳис накарда, аз байни буттаҳо ва ғулихони беша ба пеш асп метозонанд.
Шохчаҳо дар роҳи онҳо қасаррос зада мешикананд; паррандагон аз чунин таҷовузи дағал ҳаросида, бо овози баланд фарёдзанон ба ҷойҳои басе камхатар парида мераванд.
Селаи қарғасони сиёҳ фарёдзанон аз шохи хушк печида ба осмон парвоз карданд. Савқи табиӣ ба онҳо талқин мекунад, ки чунин дунболгирӣ бо ҳалокати касе бояд анҷомад. Паррандагони сиёҳ болҳояшонро калон кушода бар болои саворон чарх мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор