Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ман беихтиёр ин садои тирро бо он пайвастам ва мехостам, ки чӣ воқеа шуданашро рафта фаҳмам. Бисёр роҳ тай накардам. Қувваҳои осмонӣ, чӣ буд, ки ман дидам! Дар наздам...
— Савораи бесар! — фарёд мезанад касе аз байни издиҳом ва ҳамаро маҷбур месозад, ки баргашта нигаранд.
Ин чӣ гап, шӯхӣ, беэҳтиромӣ ба суд?
Ҳеҷ кас ин тавр фикр намекунад; дар ин байн ҳама аллакай савораи бесарро диданд, ки дар дашт метохт.
— Ана вай! Ана вай! Ба он тараф! Ба он тараф!
— Не, вай ба ин сӯ меояд! Нигоҳ кунед! Рост ба сӯи қалъа асп тозонда меояд!
Ин дуруст. Вале пас аз як лаҳза ӯ дар рӯ ба рӯи издиҳоми дар зери дарахт будагӣ меистод.
Манзарае, ки асп дид, эҳтимол, ба ӯ маъқул нашуд.
Ӯ баланд фириккос мезанад, баъд боз ҳам баландтар шиҳа мекашад ва гашта бо тамоми қувва ба сӯи дашт метозад.
Шавқу завқи пуршиддат нисбат ба шаҳодати айбдор дарҳол паст мешавад. Ба назари ҳама чунин менамояд, ки дар ҳастии савораи бесар, ки тасодуфан арзи вуҷуд кардааст, шарҳу баёни тамоми воқеаи рӯйдода ниҳон аст.
Аксарияти ҳозирон худхошонро ба сӯи аспҳошон афканданд. Ҳатто вакилони даъво истисно набуданд ва ба ҳар ҳол аз дувоздаҳ шаш нафарашон ба дунболгирӣ ҳамроҳ мешаванд.
Аспе, ки ба дунболаш рафтаанд, фақат лаҳзае меистад — танҳо барои он ки ба савораҳои наздикшуда истода нигарад.
Баъд якбора бармегардад, шиҳаи гӯшкаркунандае мекашад ва бо тамоми қувва ба дашт гурехта дур мешавад.
Таъқибкунандагон шавкункунон аз пасаш метозанд.

Боби XCI

ДУНБОЛГИРИ ДАР ПАТТАЗОРОН

Саворон аз байни дашт рост ба сӯи бешае, ки тахмин дар масофаи даҳ миль аз посёлка воқеъ гардидааст, асп метозонанд.
Тӯдаи таъқибкунандагон ҳар қадар ки ба беша наздик шаванд, ҳамон қадар сафашон дарозтар мешавад ва оқибат қатори дарозе ташкил меёбад, аспон ба пойгаи дуру дарози девонавор тоб намеоранд ва саворон яке аз дигар қафо мондан мегиранд.

пешина
аз 509
навбатӣ