Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
надорад. Мо як масофаи муайян паҳлӯ ба паҳлӯ рафтем, баъд дар зери дарахте истодем. Мо дар он ҷо сигор иваз карда, онҳоро кашидем. Ва барои он ки дӯстиамонро поянда гардонем, мо кулоҳ ва борониҳоямонро иваз намудем. Ман ин одатро аз команчиҳо ёд гирифта будам. Ман сомбрерои мексикой ва серапеи раҳ-рахамро ба Генри Пойндекстер додам ва ба ивазаш борони ва кулоҳи ӯро гирифтам. Пас аз ин мо аз ҳам ҷудо шудем — ӯ рафт ва ман мондам. Барои чӣ дар он ҷо истоданамро худам намедонам... Аниқтараш, борони ки ин ҷоӣ ба ман азиз гардида буд — охир дар он ҷо сулҳу салоҳ шуда ва он барои ман хурсандии ногаҳогие буд. Ман акнун роҳамро давом дода ба Аламо рафтан намехостам. Ман хушбахт будам ва зери он дарахт ба ман ҳаловат мебахшид. Часта аз асп фуромада ӯро бастам, баъд ба боронӣ печида, кулоҳро аз сар нагирифта дар рӯи алаф дароз кашидам. Пас аз якчанд сония хобам бурд. На ҳама вақт хоб ин қадар зуд бар ман ғалаба мекард. Ҳамагӣ ним соат пеш ин ғайри имкон буд. Пас аз ҳама гуна изтиробу ҳаяҷони талфро аз сар гузаронидан инро фақат ба эҳсоси дилписанди осудагии хотир нисбат дода метавонам.
Вале чандон хоби сахт ва дуру дароз нарафтам. Ду дақиқа нагузашта, маро садои тири аслиҳа бедор кард. Рости гап, ман комилан боварӣ надоштам, ин ба назарам намуданаш мумкин буд. Аммо рафтори аспи ман аксашро мегуфт. Гӯё ба тарафи ӯ тир холӣ карда бошанд, гӯш сих карда, фириккос зад. Ман часта аз ҷо хестам ва истода гӯш кардам.
Вале азбаски дигар ҳеҷ садое шунида нашуд, мустанг ҳам ором гардид ва ман қарор додам, ки ҳардуямон ҳам саҳв кардаем. Ман хаёл кардам, ки асп наздикшавии даррандаи дар беша такопу карда гаштаеро ҳис кардааст ва он ки ба назарам садои тир намуд, ҳамту дар ғулии беша қасарас зада шикастани шохча буд, ё шояд, яке аз он садоҳои пурасрор — барои он пурасрор, ки онҳо тамоман номаълуманд,— зеро онҳо аксар вақт дар ғулии беша шунида мешаванд. Ман дар ин бора фикр накарда, боз ба рӯи алаф дароз кашида боз хобам бурдааст. Ин дафъа то пагоҳ хобидам ва фақат аз заҳи хунук, ки то магзи устухонам гузашта буд, бедор шудам.
Акнун дар зери дарахт бисёр истодан ногувор буд. Ман тараддуди рафтан кардам. Аммо садои овози тир ҳамоно дар гӯшам ҷарангос мезад ва ҳатто баландтар аз он садо медод, ки дар ҳолати нимхобию нимбедорӣ шунида будам. Ба назарам чунин намуд, ки он аз ҳамон тарафи Генри Пойндекстер рафтагӣ шунида шуд. Ин оё самараи хаёлоти ман буд ё не, аммо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор