Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин яке аз заифиҳои табиати одамӣ мебошад: мо бо меҳру муҳаббати шахси бегона бархӯрда, хусусан агар он ишқи ҳамаро ба худ ҷалб мекардагӣ бошад, ноумед мешавем.

Инро фаҳмондан кори душвор нест: мо медонем, ки дилдодагон тамоман парвои мо надоранд. Доир ба иззати нафс, ки бепарвоӣ онро ранҷонидааст, воқеаи деринест.

Ҳатто ононе, ки ба фаттонии креолдухтари соҳибҷамол бепарво мебошанд, дар ниҳоди худ рашкро мағлуб карда наметавонанд; ононе ки ошиқи шайдояш мебошанд, то мағзи ҷон таҳқир дида, инро «изҳори беҳаёёна» меноманд.

Агар айбдор ба бегуноҳии худ дигар далелҳо надошта бошад, хеле оқилона рафтор мекард, агар хомӯш меистод. Ҳоло бо шаҳодати худ ӯ фақат ба оташ равған рехт ва бадхоҳони нав пайдо кард.

Аз нав дар байни издиҳом гул-гул мехезад. Ва боз шарикони Колхаун ғавғо мебардоранд.

Аз нав ба назар чунин менамояд, ки издиҳоми ба шӯр омада Морис Чералдро худсарона суд мекунад ва сухани ӯро то охир нашунида, ба дор мекашад.

Вале ин фақат ба назар менамояд. Майор ба тарафи отряди худ нигоҳи пурмаъноёна меафканад. Раиси суд омирона талаб мекунад:

  • Чим!

Ғалогула хомӯш мегардад. Айбдор боз имконияти гапзанӣ пайдо мекунад.

Ӯ ҳикояти худро давом медиҳад:

— Кӣ будани ӯро дида, аз ғулӣ баромадам ва аспамро нигоҳ доштам. Ба қадри кифоя ҳаво равшан буд ва ӯ дарҳол
маро шинохт. Ба ҷои вохӯрии ногуворе, ки ман чашмдор будам — ба фикрам, барои ин ба қадри кофӣ асос доштам —
ман аз кушодарӯии ӯ хеле хурсанд ва дар ҳайрат мондам. Ӯ
дӯстона дасташро ба ман дароз кард ва аз сухани аввал барои тундгӯиаш аз ман узр пурсид. Хоҷати гуфтан нест, ки чӣ
гуна ман самимона дасти ӯро фишурдам! Ман медонистам, ки
ин дасти дӯсти бовафо аст; зиёда аз ин, ман умед доштам, ки
рӯзе мерасаду он даст дасти бародар мегардад. Ман онро на
охирин бор мефишурдам. Охирин бор онро хеле ба зудӣ
фишурдам, вақте ки мо ба ҳамдигар шаб ба хайр гуфтем ва
дар пайраҳаи беша аз ҳам ҷудо шудем, — ман фикр намекардам, ки мо абадӣ аз ҳам ҷудо мешавем... Ҷанобон вакилони
даъво! Ман ба нақли гуфтугӯе, ки дар байни мо шуда гузашт,
вақтатонро намегирам, — он ба мурофиаи ин суд ҳеҷ дахл

пешина
аз 509
навбатӣ