Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки се савора аз сароби дашти офтобтасфонидагӣ падид омада, ба дарахт наздик мешаванд, дар зери балут садои баланди «ура» шунида мешавад.

Ду нафари онҳоро бо осонӣ шинохтан мумкин — онҳо Зеб Стумп ва Кассий Қолҳаун мебошанд. Сеюмашро шинохтан боз ҳам осонтар аст — қиёфаи вай аз ҳад зиёд ғайриодатӣ мебошад.

Пас аз нидоҳои аввалини издиҳом, ки гашта омадани ду савораро табрик мекард, боз як нидои басе пурҷушу хурӯш баланд мегардад, ин пидо аз дидани ҳамроҳи онҳо, ки ин қадар дуру дароз мояи фикру андешан пурасрор ва гумону тахмини аҷиби онҳо буд, ногаҳон аз даҳонашон баромад.

Сирру асроре, ки ӯро печонида гирифта буд, акнун бартараф шуда бошад ҳам, ӯ ҳамоно тарсу ваҳми пурҳаяҷон ба амал меорад.

Пас аз табрику таҳнияти баланд хомӯшӣ ба миён меояд ва то тамоман наздик омадани савораҳо онро касе халалдор намекунад; вале ҳамон вақт ҳам фақат пичир-пичири беҷуръатона баланд мегардад, гӯё афкори тамошобинон ниҳоят махфӣ мебошанд, ки онҳоро баланд ифода кунанд.

Бисёриҳо ба пешвози навомадагон мешитобанд ва бо таҳайюр онҳоро то таки дарахти балут ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳар се савора дар назди издиҳом қарор мегиранд ва ҳамон дам издиҳом аз ҳар тараф ба даври онҳо ҷамъ мешавад.

Ду нафарашон ҷаста аз асп мефӯроянд. Сеюмаш ҳамоно дар рӯи зин мешинад.

Қолҳаун аспашро чет мекашад ва дар байни издиҳом нопадид мегардад. Ба будану набудани вай акнун ҳеҷ кас парво надорад. Чашм, инчунин фикру зикри ҳама ба савораи бесар нигаронида шудаанд.

Зеб Стумп модиёни пири худро сар дода, ҷилави аспи савораи бесарро гирифта, ба назди дарахти балут мебарад, ки дар он ҷо мурофиаи суд мегузарад.

— Ҷаноби раиси суд ва шумо, дувоздаҳ вакилони даъво... — ором ва омирона мегӯяд шикорчии пир, — ана шоҳиде, ки шояд рӯи ин масъалаи торикро равшан гардонад. Ӯро истинтоқ кунед.

Садои фарёд баланд мегардад: «Худоё, ӯ худаш!» — ва пирамардӣ қоматбаланд калавида пеш мебарояд ва дар назди савораи бесар меистад. Ин падари вай мебошад.

Аз дур фарёде баланд мегардад ва ба нолаи ҷонкоҳ табдил меёбад, гӯё зане беҳуш меафтад. Ин хоҳари вай мебошад.

Вудли Пойндекстерро гирифта мебаранд. Ӯ муқобилат наме-

пешина
аз 509
навбатӣ