Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хатто фикр накардам, аз ҷиҳати дигар барои он ки намехостам чӣ тавр ба боғ даромаданам маълум гардад. Барои ин ман сабаб доштам. Ман лаб-лаби дарё боло ба тарафи посёлка рафтам. Шаб хеле гарм буд, шояд, бисёр касон аз шумо инро дар хотир дошта бошанд ва то меҳмонхона расидани ман, сарулибосам қариб тамоман хушкид. Бар ҳанӯз кушода буд ва соҳибаш дар паси деворча меистод. Ин манзил барои ман чандон меҳмонхонаҳо набуд ва ман қарор додам, ки аз салкинии шаб истифода намуда, ҳамон дам баромада ба Аламо равам. Ман хизматгорро аллакай пешакӣ фиристода будам, худам бошам тахмин карда будам, ки фардои он рӯз равам, вале он чӣ ки дар Каса-дель-Корво рӯй дод, ба қадри имкон маро ба рафтан ҳадала кард. Ман ҳаққи мистэр Обердофер додам, баромада рафтам...

— Аз куҷо пул гирифтед, ки бо мистэр Обердофер ҳисобу китоб кардед?.. — мепурсад прокурор.

— Ман эътироз баён мекунам! — сухани ӯро мебурад сафедкунанда.

— Ана тартибу мана тартиб! — бо ситеза ба прокурор назар афканда хитоб менамояд юристи аз Ирландия омада. — Агар ин аҳвол дар мурофиаи судии мо рӯй медод, бо шумо дигар хел гап мезаданд.

— Ором шавед, джентлменҳо! — мегӯяд раиси суд омирона. — Монед айбдор давом диҳад.

— Ман оҳиста-оҳиста роҳ мепаймудам. Ҳоҷати шитоб карданам набуд. Хобам намс. мад ва барои ман фарқаш набуд, ки шабро дар куҷо рӯз мекунам — дар дашт ё дар зери боми ҳакалаеам. Медонистам, ки то субҳ дамидан ба Аламо мерасам ва ин комилан маро қаноат мекунонд. Гарқи фикру хаёлҳои худ ба ақиб наменигаристам ва дар беша қариб ним миль тай карда, то роҳи Рио-Гранде расидан — рости гап, ҳеҷ гумон намекардам, ки ягон кас аз ақибам меояд. Ҳамон вақт садои суми асп ба гӯшам расид. Ман павакак аз ҳамгашти борикраҳа гузашта будам ва дидани савора ба ман муяссар нагардид. Вале ман мешунидам, ки ӯ лукка асп ронда наздик мешавад. Ман фикр кардам, ки он шахс қасди бад дорад, агарчӣ ин маро чандон бесаришта намекард. Бештар аз рӯи одат, ки ин одатро ҳаёт дар дашт, дар ҳамсоягии ҳиндуҳо ба вуҷуд овардааст, ман ба гулии ҷангал даромадам ва наздикшавии савораҳои ношиносро маҳтал шуда истодам. Ба зудӣ ӯ намоён шуд. Вақте ки ба ҷои марди ношинос шахсеро дидам, ки ману ӯ ба наздикӣ муноқиша карда будем, тааҷҷуби маро ба худ

пешина
аз 509
навбатӣ