Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ба мустангер менигаранд, то аввалин суханонро шунаванд.
— Пас, шумо ҷасадро бо чашматон дидед?
— Ман бояд ба муқобили чунин истинтоқ эътироз баён кунам, — ба гап ҳамроҳ мешавад сафедкунанда. — Ин рӯйрост вайрон кардани қоидаи процессуалӣ мебошад.
— Дар мо ба ин роҳ намедоданд, — илова мекунад юристи аз Ирландия омада. — Дар мо то дами тергови чандкаса ба прокурор иҷозати гап задан намедоданд.
— Қонунҳои мамлакати мо ҳам ҳамин, — ба тарафи вайронкунандаи рафтор ҷиддӣ назар андохта мегӯяд раиси суд. — Айдбор, нақлатонро давом диҳед. То гапатонро тамом накунед, фақат сафедкунандаатон ҳуқуқ дорад ба шумо савол диҳад. Давом диҳед. Ҳар чӣ ки лозим донед, гуфтан гиред.
— Ман дар бораи оштӣ гап зада будам, — давом медиҳад айдбор, — ва дар куҷо рӯй додани онро гуфтам. Барои чӣ маҳз дар ҳамон ҷо рӯй доданашро, бояд акнун фаҳмонам. Шумо акнун медонед, ки мо — мисс Пойиндекстер, додараш ва ман чӣ тавр аз ҳамдигар ҷудо шудем. Ман онҳоро гузошта, ба қасди шино карда гузаштан худамро ба дарё задам, аз як ҷиҳат барои он ки ниҳоят ошуфта будам ва чӣ тавр гузаштанамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор