Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама чашм наканда ва дам ба дарун гирифта, гӯшро тез карда

— Шумо ҳамон ҷоеро дар назар доред, ки кӯлмаки хун буд?— бо тааҷҷуб мепурсад раиси суд.
— Ман ҷои кушташудагии Генри Пойндекстерро дар назар дорам.
Ин суханон дар байни тамошобинон мавҷи нави тааҷҷубро ба амал меорад — садои пичир-пичир ва нидоҳои на чандон баланд шунида мешаванд. Нолиш аз дигар ҳама овозҳо баландтар садо медиҳад. Ин садо ногаҳон аз қалби Вудли Пойндекстер, ки ба набудани писараш дигар шубҳа намекунад, мебарояд. То ин дам дар дили падар ҳамоно умед шарора мезад, ки шояд, Генри ҳанӯз зинда бошад. То ин дам ҳанӯз исботи таъйини марги писараш набуд, бошад ҳам, фақат далелҳои бевосита ва чандон боварибахш набуданд. Вале акнун суханони худи ҷинояткор ин умедро барбод медиҳанд.
— Пас, шумо боварӣ доред, ки Генри Пойндекстер мурдааст?— мепурсад прокурор.
— Боварии комил дорам,— ҷавоб медиҳад айбдор.— Он чи ки ман дидам, агар шумо медидед, мефаҳмидед, ки ин саволатон то кадом андоза бефоида аст.

пешина
аз 509
навбатӣ