Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

шуморо сӯистеъмол кардан намехоҳам. Пеш аз ҳама гуфтиниям, ки бо вуҷуди як қатор сабабҳои дар ин ҷо номбурдашуда, ки ба назаратон аҷиб ва ҳатто тамоман номафҳум хоҳад намуд, нақли ман хеле оддӣ мебошад ва ба фаҳмидани баъзе масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Ҳар он чӣ ки шумо дар ин ҷо шунидед, ҳамааш ҳақиқат нест. Қисми шаҳодати додагӣ бардурӯғ аст, чӣ тавре ки шахси онҳоро додагӣ дурӯғгӯ мебошад.

Айддор аз Кассий Колхаун чашм намеканд, вай бошад гӯё мили милтикро ба сӯяш тӯғрӣ карда бошанд, аз ин нигоҳ худро дарҳам мекашад.

— Ман ҳақиқатан бо мисс Пойндекстер вохӯрда будам. Ин духтари наҷиба бо эътирофоти кушодадилонаи худ ба ман имконият дод, ки дар ин ҷо тамоман самимона гап занам, набошад ман тамоми ҳақиқатро намегуфтам. Хоҳишмандам ҳар он чӣ ки ман мегӯям, бовар кунед. Инчунин ҳамин ҳам дуруст аст, ки мулоқоти мо махфӣ буд ва он аз тарафи шахсе бурида шуд, ки вай давоми воқеаро гуфта наметавонад. Ҳаминаш ҳам дуруст аст, ки мо бо вай муноқиша кардем, ё, дурусттараш, ӯ аз ман хафа шуд. Вале нодуруст аст, ки муноқишаи мо аз нав шурӯъ шуд. Агар ман имконияте медоштам, сазовори хизматаш ба ӯ ҷавоб медодам, шахси ба ин қасам хӯрдагӣ ба гуфтани ин ҷуръат намекард.

Айддор аз нав ба Колхаун, ки ҳамоно дар байни издиҳом руст мешавад, чашм медӯзад.

— Баръакс, — давом медиҳад Чералд, — вақте ки мо бо Генри Пойндекстер боз вохӯрдем, ӯ аз ман узр пурсид; ман нисбат ба вай эҳсоси хеле дӯстона... ман мегуфтам — меҳрубонона доштам. Ӯро дӯст надоштан мумкин набуд. Он якчанд суханеро, ки дар сари ҷаҳл аз даҳонаш баромад, бахшидам ё не? Ба назарам, гумон аст ки ба ин шубҳа пайдо шуданаш мумкин бошад, — ман барои ин оштишавиаш аз сидқи дил аз ӯ миннатдор будам...

— Пас, оштӣ шуда будед? — аз таваккуфи муваққатӣ истифода намуда мепурсад раиси суд. — Ин дар куҷо рӯй дода буд?

— Тахмин чорсад ярд аз ҷои куштор рӯй додагӣ.

Раиси суд часта аз ҷо мехезад. Вакилони даъво низ часта мехезанд. Тамошобиноне, ки пештар ҳам истода буданд, тааҷҷуби худро ба таври дигар изҳор мекунанд; ҳоло ҳеҷ кас доир ба ҷои ҷиноят ва ҳатто дар бораи он ки ҷиноят содир гардида буд, гуфта нагузашта буд.

пешина
аз 509
навбатӣ