Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қариб ҳама боварӣ доранд, ки Зеб Стумп ҳалли сирри маҳфиро медонад.

— Ҳайр чӣ, ҷаноби суд,— рост ба рӯи ӯ нигоҳ карда шурӯъ менамояд шикорчии пир,— доир ба ин кор ҳар чӣ ки медонам, бо ҷону дил нақл мекунам. Вале агар шумо ва вакилони даъво не нагӯед, ман беҳтар медонистам, ки аввал ҷавон баёнот диҳад. Пас аз ин ман баёноти худамро медиҳам ва ин, шояд, тасдиқи суханони вай шавад.

— Дар бораи кадом ҷавон мегӯед? — мепурсад раиси суд.

— Албатта, дар бораи мустангер. Дар бораи ҳамон ҷавоне, ки шумо ӯро ба куштани Пойндектери ҷавон гунаҳгор мекунед.

— Ин як андоза тартиботи ҷорибударо вайрон мекунад,— ҷавоб медиҳад раиси суд,— охири охирон ҳар навъе, ки набошад, барои мо асосиаш донистани ҳақиқат мебошад. Ман бошам, ба ҷиҳати зоҳирии масъала аҳамият намедиҳам ва агар вакилони даъво муқобил набошанд, майлаш гуфтаи ту шавад.

Дувоздаҳ вакили даъво ба воситаи оқсоколи худ розӣгӣ изҳор менамоянд. Аҳолии сарҳаднишини Техас ба расмияти зоҳирӣ чандон аҳамият намедиҳад; талаби Зеб қонеъ карда мешавад.

Боби LXXXIX

НАҚЛИ АЙБДОР

Айбдор бо сафедкунанда маслиҳат намуда, розӣ мешавад, ки аз сухани ба вай додашуда истифода намояд.

Бо ишораи раиси суд ӯ пеш мебарояд, посбонон дар масофаи ду қадам аз пасаш меоянд.

Дар бораи хомӯшии томе, ки ҳукмфармо мебошад, оё хоҷати гап задан аст? Ҳатто чирчиракҳо, ки дар миёни шоҳу баргҳои сабзи дарахти балут якзайл чир-чир мекарданд, гӯё хомӯшии дар поён барқароршуда онҳоро ҳаросонида бошад, хомӯш гардиданд. Ҳама чашм наканда ва дам ба дарун гирифта, гӯшро тез карда ба мустангер менигаранд, то аввалин суханони шаҳодатро, ки онро маросими тавбакунӣ номидан мумкин аст, шунаванд.

— Ҷаноби раиси суд, ҷанобони вакилони даъво! — нагуфт Чералд.— Ман ниҳоят миннатдорам, ки шумо ба ман имконияти гап задан додед; ман аз ин ҳуқуқ истифода намуда, илтифоти

пешина
аз 509
навбатӣ