Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

штатҳо мустасно намебошад. Магар инро ба шумо кирои гуфтани ман мекунад? Наход шумо одамро ба дор кашидани шуда ҳатто намонед, ки барои сафед кардани худ як даҳан гап гӯяд! Ин ғайриқонун, беадолатӣ, ҳамту оддӣ карда гӯем, одамкушист!

— Магар ӯ одам накуштааст? — фарёд мезанад яке аз каллабурон, ки дар паҳлӯи Колҳаун истодааст. — Ҳамон кореро дар ҳаққи ӯ раво дидан лозим аст, ки ӯ бо Пойндектери ҷавон кард.

— Ин исбот нашудааст. Шумо ҳоло шаҳодати ҳама шоҳидонро нашунидаед. Гӯш кардан лозим, ки шоҳидони дигар тараф чӣ мегӯянд... Чорчӣ! — давом медиҳад ӯ. — Шоҳидони тарафи ҳимоякунандаро чег занед.

Чорчӣ Фелим О' Нилро чег мезанад.

Ҳикояи канда-кандаи хизматгори мустангер пур аз ихтилоф, баъзан тамоман дур аз ҳақиқат мебошад ва ба нафъи хоҷааш чизе намегӯяд.

Ҳимоякунанда аз Сан-Антонио омадагии кӯшиш менамояд, истинтоқи ӯро кӯтоҳ кунад — ӯ ба шоҳиди дигар бештар умед мебандад.

Баъди Фелим ӯро чег мезананд:

— Зебулон Стумп!

Овози чорчӣ хомӯш нашуда, аз байни издиҳом қиёфаи азиме пеш мебарояд — ҳама Зебулон Стумп, беҳтарин шикорчии Леонаро мешиносанд.

Зеб се-чор қадам гузошта, ба ҷои барои шоҳидон таҳиншуда мерасад.

Мувофиқи тартиботи ҷорӣ буда пас аз қасамёдкунӣ ба ӯ Тавротро медиҳанд ва мегӯянд, ки онро бибӯсад.

Зеб чунон бо овози баланд чалпӣ карда китобро мебӯсад, ки ҳатто касони берун аз давра буда садои онро мешунаванд.

Сарфи назар аз тантананокии лаҳза, садоҳои ханда шунида мешаванд. Раиси суд зуд хомӯширо барқарор мекунад ва ба он, шояд, худи Зеб, ки бо диққат ба чеҳраи тамошобинон назар меандозад, сабаб мешавад. Табиати шикорчии пир нағз маълум мебошад ва ҳама медонанд, ки Зеб худро хандазор кардан намемонад. Аз нигоҳи кунҷковонаи ӯ издиҳом аз нав ба худ қиёфаи ҷиддӣ мегирад.

Пас аз якчанд саволи пешакӣ ба шоҳид дода шуда, таклиф мекунанд, ки доир ба вазъияти аҷонби тамоми округро ба изтироб андохтагӣ шаҳодат диҳад.

Тамошобинон дам ба дарун кашида, сар то по гӯш шуданд.

пешина
аз 509
навбатӣ