Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз тарсу ваҳм не, балки аз фикри талхи азиятбахше мебо-шад, ки худаш боиси ин қаҳру ғазаби издиҳом гардид. Дар ин лаҳзаҳои азиятдиҳанда Луиза суханони Колхаунро ба хо-тир меорад; шаҳодати худи вай исбот мекунад, ки Морис Че-ралд қотил мебошад.
Ғалогула торафт авҷ мегирад. Чо-ҷо садои фарёдҳо ба-ланд мегарданд — онҳо айбҳои наве мебошанд, ки ба мустан-гер хитоб карда гуфта мешаванд; мақсади онҳо — оташи ға-заби издиҳомро афрӯхтан аст; ғавғо ба ғурриш табдил меёбад.
Ҳар дақиқа ҷои раиси суд Робертсро метавонад «суди Линч» гирад.
Онҳо чӣ? Дар он сурат мурофиаи суд қатъ мегардад; аз-баски ҳукм аллакай маълум мебошад, фақат онро ба иҷро ра-сонидан мемонад. Дар дасти ҷаллодони пуртаҷриба ин вақ-ти бисёртарро намегирад. Пас аз якчанд дақиқа Морис Чералд-ро ба шохаи дарахти балуте, ки дар болои сараш ба ҳар та-раф паҳн гардидааст, меовезанд.
Ана хоҳиши издиҳом чист ва фақат ҳамин камӣ мекунад, ки ягон нобакори густоҳ ташаббусро ба дасти худ гирад.
Аммо ба толеи айбдор дар байни ҳозирон касоне ҳастанд, ки руҳияи онҳо дигар хел мебошад. Онҳо каманд, вале қарор доданд, ки ба чунин оқибат роҳ надиҳанд.
Якчанд марди ҳарбӣ дар байни худ зуд якчанд сухан рад-ду бадал мекунанд. Онҳо офицерони қалъа бо сардории ко-мендант мебошанд. Ин маслиҳат ҳамагӣ якчанд сония давом мекунад, баъд бо супориши майор шайпур навохта мешавад.
Ва қариб ҳамон дам аз паси девори чӯбини қалъаи Инҷ отряде иборат аз сил тирандози савора намоён мегардад. Он-ҳо аз дарвоза баромада рост ба тарафи дарахти балут равон мешаванд. Онҳо хомӯшона, бо амри савқи табиӣ паҳн шуда ҷон судро иҳота мекунанд.
Издиҳом аз ин рафтори ногаҳонӣ дар ҳайрат мемонад. Из-диҳом на фақат хомӯш, балки мутеъ мегардад: ҳама аҳамия-ти чораи эҳтиётии пешакӣ дидани майорро нағз мефаҳманд.
Маълум, ки акнун доир ба суди Линч дигар ҳоҷати фикр кардан ҳам нест ва қонун аз нав ҳукуқро ба дасти худ меги-рад.
Акнун дигар ҳеҷ кас ба раиси суд Робертс халал намера-сонад, ки аз нав ба иҷрои вазифаҳои худ ки дағалона ӯро аз он мононда буданд, шурӯъ намояд.
— Ҳамватанон! — ӯ бо таъна ба издиҳом фарёд мезанад. — Ба талабҳои қонун риоя кардан лозим. Техас нисбат ба дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор