Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Вақте ки додари ман аз пасаш рафт, ӯ дар сари қаҳру ғазаб набуд. Ӯ аз гуноҳи мистер Чералд гузашт, — маътали савол нашуда давом намуд Луиза Пойндекстер. — Ӯ хост мистер Чералдро дарёб карда аз вай узр пурсад...

— Ман бояд баъзе чизҳо илова кунам, — тартиботи ҷорӣ бударо вайрон карда ба гап ҳамроҳ мешавад Колхаун. — Онҳо баъд ҷанҷол карданд. Ман дар асптея истода ҷанҷоли онҳоро мешунидам.

— Мистер Колхаун, — ба таври қатъӣ ӯро боз медорад раиси суд, — агар прокурор лозим донад, боз шуморо чеғ мезанад, ҳоло лутфан ҳалал нарасонед.

Боз якчанд саволи иловагӣ дода мешавад ва раиси суд Луиза Пойндекстерро ҷавоб медиҳад.

Ӯ ба назди каретаи худ бармегардад; шиканҷаи ғамангези қалби ӯро мефишорад. Духтар фаҳмид, ки ҳақиқатро гуфта, фақат ба касе, ки ёрдам кардан мехост ва ба худаш зарар расонд; ӯ аз байни издиҳом гузашта, ҳис менамояд, ки ҳама бо нафрат ба вай менигаранд.

Хушдоронаш аз интихоби ӯ таҳқир мебинанд; мулоқот дар боғ ва ба он ошкоро иқрор шудан мунофиқонро маъюс мегардонад; ҳама ба ҷавоби «хуштолеъ», ки Луиза ӯро далерона муҳофиза карда буд, ҳасад мебурданд.

Колхаунро боз як бори дигар чеғ мезананд; ӯ бо шахсияти нави бардурӯғи худ нисбат ба айбдор боз бештар ҳисси нафрат авҷ мегиронад. Ҳама шаҳодатҳои ӯ сохта мебошанд, вале онҳо зоҳиран ҳақиқат барин менамоянд.

Аз нав оташи қаҳру ғазаб баланд мегардад. Аз нав садои боз ҳам боисрортар, боз ҳам пурхашму ғазаби «Овехта шавад!» баланд мегардад.

Аммо акнун ба доду фарёдҳо амалиёт илова карда мешавад. Мардон нимтанаҳоро аз тан мекашанд, кулоҳҳошонро ба осмон мепартоянд.

Занҳое, ки дар болои фургонҳо истодаанд ва ҳатто ононе, ки дар каретаҳо нишастаанд, ба ҷуз як нафари онҳо, ки пардаи пешасро пӯшидааст, ба муқобили айбдор бо кину адовати девонавор шарик мешаванд.

Он як нафар низ ба қаҳру ғазаб меояд, вале сабаби хашми ӯ дигар чиз мебошад. Ва агар ҳозир ӯ меларзида бошад, ин

пешина
аз 509
навбатӣ