Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бале, то омадани додаратон ягон кас ҳамроҳатон дар боғ буд?
  • Ҳа.
  • Мо номашро шунидан мехостем. Умедворам, ки шумо онро пинҳон намедоред.
  • Чаро пинҳон дорам — ӯ мистер Морис Ҷералд буд.
    Ин ҷавоб дар байни издиҳом на фақат тааҷҷуб, балки ҳам нафрат ва ҳатто қаҳру ғазаб ба амал меорад.
    Ин суханон фақат ба як шахс — ба айбдор тамоман дигар хел таассурот мебахшанд: акнун қиёфаи вай назар ба мудда-нёнаш хеле пуртантана мебошад.
  • Иҷозат диҳед аз шумо пурсам, ки ин мулоқот тасодуфӣ буд ё пешакӣ таъин карда шуда буд?
  • Пешакӣ таъин шуда буд.
  • Ноилоҷам саволи беҷое ба шумо диҳам — мебахшед, мисс Пойндекстер, вазифаи ман ҳамин. Муддао ё, нағзтараш, мақсади мулоқоти шумо чӣ буд?
    Шоҳид дидила мешавад, вале ин фақат як лаҳза мебошад. Ӯ қомат рост мекунад ва ба издиҳом бепарвоёна назар афкан-да ҷавоб медиҳад.
  • Муддао ё мақсад — ҳардуяш як гап. Ман ягон чизро пинҳон кардани нестам. Ман ба боғ баромадам, то бо шахсе вохӯрам, ки дӯсташ медорам ва то ҳол дӯсташ медорам, бо вуҷуди он ки ӯ дар ин ҷо дар назди шумо истодааст ва ҳам-чун айбдор гунаҳкор карда мешавад. Акнун, сэр, умедворам, ки шумо қаноат ҳосил кардед?
  • Не, ин ҳозир ҳамаш не, — ба ғавғои издиҳом гӯш накарда, истинтоқро давом медиҳад прокурор. — Ба шумо боз як саволи дигар доданам, мисс Пойндекстер... Ман як қадар аз риояи тартиботи ҷорӣ буда берун мебароям, вале вақтро мебурем; ба фикрам, ҳеҷ кас ба ин эътироз намекунад... Шу-мо суханони шоҳиди пеш аз шумо истинтоқ кардагиро шуни-дед? Оё дуруст, ки додари шумо ва айбдор бо кину адоват аз ҳам ҷудо шуданд?
  • Дуруст.
    Ин ҷавоб издиҳомро ба шӯр овард — издиҳом ба қаҳру ғазаб омад. Ҷавоб шаҳодати Колҳаунро тасдиқ мекунад. Ваҷ-ҳи куштор маълум. Тамошобинон ба шаҳодат додани духтар маътал намешаванд. Аз ҳар тараф нидоҳо баланд мегарданд: «Овехта шавад! Чо ба чо овехта шавад!»
  • Ба тартиб риоя кунед! — фарёд мезанад раиси суд ва ба издиҳом омирона назар меандозад.
пешина
аз 509
навбатӣ