Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
БОБИ LXXXVIII
ШОҲИДИ ЗӮРАКИ
Пеш аз он ки чорчӣ номи Луиза Поиндекстерро маротибаи сеюм гирифта чеғ занад, ӯ аз карета фуромад.
Ӯ ҳамроҳи назоратчии суд ба ҷои шоҳидон меистодагӣ, наздик мешавад. Луиза далерона, ягон қадар натарсида ба издиҳом рӯ меорад.
Ҳама ба ӯ менигаранд: баъзеҳо саволомез, каме аз онҳо, шояд, бо нафрат, аксарияташон бошад бо шавку завқ.
Вале нигариши як кас ба нигоҳи дигарон монанд нест. Дар нигоҳи вай меҳру муҳаббати пурназокат ва изтироби базӯр ҳисшаванда намудор мебошад. Вай худи айбдор мебошад. Вале Луиза на ба вай менигарад, на ба ягон каси дигар. Зоҳиран, ӯ фақат як касро — ҳамон касеро, ки ҳозир ҷои ӯро гирифта буд, сазовори илтифот мешуморад. Ӯ ба Кассий Колхаун, бачаи аммааш бо чашме менигарад, ки гӯё мехоҳад ӯро бо нигоҳи худ маҳву нобуд созад.
Колхаун худро дарҳам кашида дар миёни издиҳом нопадид мегардад.
— Мисс Поиндекстер, шумо шаби ғоибшавии додаратон дар куҷо будед? — аз духтар мепурсад прокурор.
— Дар хона, дар аспендаи падарам.
— Иҷозат диҳед пурсам, ки ҳамон шаб шумо ба боғ фуромада будед?
— Ҳа.
— Лутфе карда соаташро намегӯед?
— Агар саҳв накунам, нисфи шаб буд.
— Шумо танҳо будед?
— Ҳама вақт не.
— Пас, як қисми вақт ким-кӣ ҳамроҳатон буд?
— Ҳа.
— Шумо, мисс Поиндекстер, чунон кушода гап мезанед, ки шояд, не нагуфта кӣ будани ӯро ба суд гӯед.
— Албатта.
— Номашро намегӯед?
— Онҳо ду нафар буданд. Як нафарашон додари ман буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор