Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳо бештар ба нафъи айбдор мебошад. Онҳо тасдиқ мекунанд, ки муносибати байни Генри ва шахсе, ки ба қатли вай гунаҳгор карда мешавад, дӯстона буд.

Оқибат шоҳиде баромад мекунад, ки шаҳодати вай ба масъала тамоман тобиши дигар медиҳад. Вай капитан Кассий Колхаун мебошад.

Нақли вай рафти истинтоқро тамоман тағйир медиҳад. Ӯ на фақат ваҷҳи кушторро намекушояд, балки ҷиноятро дучанд вазнин мекунад.

Колхаун пас аз нутқи риёкорона таассуф мехӯрад, ки ноилоҷ аст дар ин бора гап занад; ӯ доир ба мулоқоти дар боғ шудагӣ, доир ба ҷанҷол, дар бораи монда рафтани Жералд, нақл мекунад ва ба замми ин мегӯяд, ки мустангер ҳангоми рафтан таҳдид намуд; ва инчунин илова намуд, ки Генри ба дунболи мустангер тохт; ӯ фақат доир ба сабаби ҳақиқие, ки чӣ ҷавонро маҷбур сохт аз паси мустангер равад ва доир ба рафтори худ ҳамон шаб чизе нақл намекунад.

Ин ифшои бешармона боиси тааҷҷуби умум мегардад. Раиси суд, вакилони даъво ва издиҳоми тамошобинон дар ҳайрат мемонанд. Мардум пичир-пичир мекунанд, нидоҳои пурҳаяҷон шунида мешаванд.

Қаҳру ғазаб ба шаҳодатдиҳанда не, балки ба касе равона карда шудааст, ки дар назди онҳо меистад, акнун гуноҳи айбдор дучанд мешавад: ӯ на фақат писари Поиндекстерро кушт, балки духтарашро низ шарманда кард.

Ҳангоми дода шудани ин шаҳодати даҳшатангез садои нола шунида шуд. Он аз банди ҷигари пирамардӣ ғамзада баромад — ҳама медонанд, ки ӯ падар мебошад.

Вале тамошобинон ба Поиндекстер дуру дароз чашм намедӯзанд. Нигоҳҳо ба сӯи карета равона карда мешаванд, зеро дар он парирухсоре нишастааст, ки ҳамаро дар ҳайрат мондааст.

Ин нигоҳҳои аҷиб — аҷибу ғарибанд, вале ба ҳар ҳол сабаби онҳоро фаҳмонидан мумкин, чунки дар карета Луиза Поиндекстер нишаста буд.

Аҷиб, ӯ ба ин ҷо бо ихтиёру хоҳиши худ омада бошад?

Ҳама ин саволро ба худ медиҳанд ва дар байни издиҳом боз ғулғула баланд мегардад.

Ҳайронии онҳо дуру дароз давом намекунад. Ба онҳо овози чорчӣ ҷавоб медиҳад, ки мегӯяд:

— Луиза Поиндекстер!

пешина
аз 509
навбатӣ