Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
хеле афсус мехӯрд, ки то ба меҳмонхона омаданаш рӯй дода буд.
Шоҳид намедонист, ки Чералд ба куҷо рафт, фақат баъд шунид, ки ӯ аз канори посёлка гузашта, қад-қади дарё ба сӯи плантацияҳои мистер Пойндекстер равон шуд. Се-чор рӯзи охир шабу рӯз, савораю пиёда зуд-зуд ӯро дар роҳи он ҷо пасу пеш равон медидаанд.
Дар бораи Генри Пойндекстер аз Обердофер мепурсанд.
Ӯ ҷавонро нағз намедонист, чунки вай қариб ба меҳмонхона намеомад. Ҳамон шаби бори охир ӯро дидагӣ ба меҳмонхона даромада буд. Шоҳид аз даромада омадани ӯ қисман аз он ҳайрон буд, ки ӯро дар меҳмонхонаи худ дида одат накарда буд, қисман аз он рӯ ки бевақт шуда буд.
Пойндекстери ҷавон ба меҳмонхона надаромад, фақат ба бар сар халонда, соҳибашро ба таги дар чег зад.
Ӯ мистер Чералдро дидан мехост. Пойндекстери ҷавон ҳам ба назари шоҳид хушёр ва ошуфта менамуд. Аммо чун донист, ки мустангер аллакай рафтааст, беш аз пеш музтариб гардид. Гуфт, ки ӯ маҳз ҳамин шаб Чералдро хеле дидан мехоҳад ва пурсид, ки ба кадом тараф рафт. Шоҳид ба ӯ маслиҳат дод, ки рост ба самти Рио-Гранде равад, чунки ба гумонаш мустангер маҳз ба ҳамон тараф рафтааст.
Пойндекстери ҷавон гуфт, ки роҳро медонад ва дарҳол монда рафт, зоҳиран, мустангерро дарёфт карданияш буд.
Боз якчанд савол медиҳанд ва истинтоқи Обердофер ба охир мерасад.
Шаҳодати вай, умуман, барои ҷинояткор номувофиқ мебошад; хусусан ҳаминаш шубҳаовар менамояд, ки Чералд вақти рафтанашро тағйир дод. Ӯ ба назар ошуфта ва оташин менамуд, агарчи, шояд, шахсе ки худаш соддалавҳона иқрор шуд, ки ҷинояткорро чандон дӯст намедорад, муболиға карданаш мумкин буд, вале ҳар хеле ки набувад назар ба гулгуле, ки дар байни издиҳом баланд гардид, ин махсус ба тамошобинон таассуроти номатбӯъ бахшид.
Вале чаро Генри Пойндекстер низ ошуфта буд? Чаро ӯ барои дарёфт кардани Чералд ин қадар шитоб дошт ва бархилофи одати худ, ба бевақтии шаб нигоҳ накарда, ба дунболи вай равон шуд?
Баръакс, агар Чералд аз паси ҷавон рафтанӣ шуда ӯро пурсуҷӯ мекард, ин хеле равшан маълум буд. Вале ҳатто ин ҳам ваҷҳи кушторро намефаҳмонид.
Боз якчанд шоҳиди дигарро чег мезананд. Аммо шаҳодати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор