Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Кассий Колхаун ва якчанд каллабурон, ки дар паҳлӯи ӯ меистоданд, нобоварона лабханд мекунанд.

Раиси суд хомӯшона сигорро ба даст мегирад. Прокурор пас аз якчанд огоҳии пешакӣ ба пурсупоси шоҳидон сар мекунад.

Аввалан Франц Обердоферро ҷеғ мезананд. Пас аз якчанд саволи расмӣ доир ба ном, синну сол ва касбу кораш ба ӯ таклиф мекунанд, ки ҳар чӣ донад доир ба ин масъала гап занад.

Шаҳодати Обердофер бо он чӣ ки пештар нақл карда буд, мувофиқат мекунад. Шаби Пойндекстери ҷавон гум шудагӣ, Морис Чералд ҳисобу китоб карда аз меҳмонхонаи вай шаб аз нисф гузаштан пас баромад; зоҳиран, пулаш бисёр буд — Обердофер пеш ҳеҷ гоҳ дар дасти вай ин қадар пул надида буд. Ӯ роҳи хонаашро пеш гирифта, ба сӯи соҳилҳои Нуэсес равон шуд. Вале ба куҷо рафтанашро нагуфт. Дар байни ӯ ва шоҳид муносибатҳои дӯстона набуд. Шоҳид фақат тахмин мекунад, ки мустангер ба кулбаи худаш рафт, чунки як рӯз пеш хизматгораш ба ғайр аз он чӣ ки худи мустангер бурд, буду шуди чизу чораи будагиашонро ба хачир бор карда гирифта рафта буд.

— Ӯ ҳамроҳаш чӣ бурд?

Шоҳид аниқ дар хотир надорад. Ӯ боварӣ надорад, ки бо худ яроқ дошт ё не. Вале, зоҳиран, аз рӯи расму таомули мексикоиҳо он аз паҳлӯ ба зин баста шуда буд. Аммо вай дилпурона гуфта метавонад, ки мустангер дар ғилоф таппонча ва дар миён корд дошт. Мисли ҳарвақта Чералд дар тан костюми мексикои дошт ва ба китф серапеи раҳ-раҳ партофта буд. Ба назари шоҳид аҷиб намуд, ки мустангер бевақтии шаб азми сафар кард, хусусан ин ки пагоҳӣ тараддуди рафтан дошт.

Ӯ тамоми бегоҳ набуд, аммо аспаш дар оғили меҳмонхона меистод. Гашта омадан ҳамон ҳисобу китоб карда баромада рафт. Мустангер хеле ошуфта буд ва шитоб мекард, вале маст набуд. Ӯ, рости гап, обдонашро аз арақ пур кард, аммо дар меҳмонхона як чакра ҳам нанӯшид. Шоҳид тайёр аст қасам хӯрад, ки мустангер тамоман ҳушёр буд; аз рӯи рафтораш фаҳмид, ки вай ошуфта мебошад. Мустангер дар аснои зин задани асп, якзайл ким-чӣ мегуфт ва ба назар чунин менамуд, ки ӯ оташин мебошад. Шоҳид фикр намекунад, ки Морис-мустангер ба асп нигоҳ карда гап мезад,— не, ӯ тахмин менамояд, ки касе Морис Чералдро оташин карда буд ва ӯ аз ким-чӣ чиз

пешина
аз 509
навбатӣ