Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ана боз як ҷуфт чашм: нигоҳи онҳо ба нигоҳи дигарон асло монанд нест, — дар он чашмон шумо ҳам ташвишу изтироб, ҳам меҳру муҳаббат ва дар айни ҳол қатъияти устуворро мехонед.
Чашми бисёр касон ба ин нигариш афтид, зеро чеҳраи рангпарида, ки барои ҷалб накардани диққат дар паси пардаи карета қисман паноҳ мебошад, аз ҳад зиёд зебо аст.
Вале фақат каме аз онҳо сарфаҳм рафта метавонанд, ки ин нигоҳ чӣ мегӯяд. Худи айбдор ҳам ба ҷумлаи онҳо дохил мешавад. Вақте, ки паричеҳраи рангпарида ва нигоҳи ӯро мебинад, қалбаш метапад ва саршори ифтихор мегардад; ӯ ҳатто лаҳзае ҳолати зиллатовари худро, ки ба вай хавфу хатари даҳшатнок таҳдид менамояд, фаромӯш мекунад. Дар ин лаҳза ӯ қодир аст, ки фақат хурсандӣ ҳис кунад. Аз воқеаҳои шудагогузаштае, ки дар вақти тирагии ақли вай рӯй дода буданд, бисёр чизҳоро ба ӯ нақл карданд. Ӯ акнун медонад, ки рӯъёи фавқулодда зеботалъат дар асл ҳақиқат будааст.
Чеҳраи зане, ки ҳангоми олой гуфтан ба назараш тобида буд, — ин ҳамон чеҳраест, ки ҳоло дар паси пардаи карета мебинад. Ва ӯ акнун медонад, ки дар миёни издиҳоми бадқаҳру хашмгин дӯсте дорад, ки то абад ба вай содиқ мемонад.
Мурофиаи суд чандон расмиятҳоро ба назар нагирифта сар мешавад. Раиси суд кулоҳи тобистониро аз сар гирифта, сигори оташаш хомӯшгаштаро дар мегиронад. Панҷ-шаш кулоб кашида, сигорро аз даҳон мегирад ва ба гӯшаи стол гузошта мегӯяд:
— Ҷанобон вакилони даъво! Мо дар ин ҷо барои дида баромадани коре ҷамъ омадаем, ки тафсили он тахминан ба ҳамаи шумо маълум мебошад. Одам кушта шудааст — мақтул писари яке аз гражданинҳои басе мӯҳтарами мо мебошад; маҳбусе, ки шумо дар наздатон мебинед, ба ҳамин ҷиноят айбдор карда мешавад. Вазифаи ман ба рафти дурусти мурофиаи суд назорат кардан аст, шумо бошед далелҳоро санҷида қарор диҳед, ки айбдоркунӣ аз рӯи адолат аст ё не.
Баъд ба айбдор саволи муқаррарӣ медиҳанд:
— Шумо худатонро айбдор мешуморед?
— Не, — ба таври қатъӣ ва ифтихормандона ҷавоб медиҳад ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор