Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби LXXXVII

ШОҲИДИ СОХТА

Аз ҳозирон фақат камашон шахсан айбдорро мешиносанд. Вале, аз тарафи дигар, дар ин ҷо кам касоне ҳастанд, ки овозаи ӯро нашунида бошанд. Шояд, чунин касон тамоман набо-шанд. Ба наздикӣ номи вай шӯҳраи мардум гардид. Пеш аз ду-эл бо Колхаун ӯро фақат ҳамчун шикорчии нағзи аспҳои ваҳшӣ мешинохтанд.

Ҳама мустангерро ҷавони хушрӯ, далер, аспдӯст, ҳамеша ба хизмати духтараки зебоманзар ҳозир, нексиришт ва ҳамчун аксари ирландиҳо теззабон мешумурданд.

Вале на аз ҷиҳати хубӣ, на гандагӣ ӯ ба дараҷаи ифрот на-мерасонд. Кам воқеъ мешуд, ки диловарии вай беандеша бо-шад ва гапаш ба сафсатаи холӣ табдил ёбад. Дар шишту хез ботаҳаммул, ҳатто дар аснои майнӯшӣ дар баёну гуфтор низ ботамкин буд, ки ин сифат дар миёни мардуми Ирландия кам дида мешавад.

Аз куҷо омадан ва сабаби дар Техас сукунат ихтиёр наму-дан ва чунин машғулияти беқадрро пеша интихоб кардани ӯро ҳеҷ кас намедонист.

Ин махсусан барои касоне аҷиб менамуд, ки на фақат маъ-лумотинок, балки зотан Ҷентлмен будани ӯро медонистанд. Зимнан дар сарҳадҳои Техас, ки аксаб насабан ашрофзода-гони аз Франция ва Англия омада арақи ҷабин рехта но-нашонро ёфта мехӯрданд, ба ин чандон аҳамият намедо-данд.

Ба ҷуз ононе, ки табиат худ аз рӯзи азал тамға бар онҳо гузоштааст, ба одами бо аслу насаб буданашон шаҳодат чӣ лозим? Чунин аст рӯҳияи ин мамлакати дурдасти ҷавон. Мо-рис Чералд бо ин тамғаи наҷобату баландҳиматии зотӣ тақ-дир карда шуда буд. Гумон буд ки ягон кас ӯро нодон ё ра-зил пиндорад.

Бо вуҷуди ин Морис Чералд дар назди издиҳоми бешумор, шармандаву шармсор истодааст ва ба гарданаш айб монда-анд, ки дили шаб хуни ноҳақ рехта — одам куштааст!

Наход ин айбмонӣ аз рӯи адолат бошад? Агар ин дуруст бо-шад, пас ӯ ҳалок гардид.

Тамошобинон ҳамин тавр фикр мекунанд.

Баъзеҳо кунҷковона, баъзеҳо ҳайрон, вале аксарият бо хашму ғазаб ба ӯ менигаранд.

пешина
аз 509
навбатӣ