Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз фланели сурх ва карбоси сафед накардан аҳирғоя пӯшида буданд; мундириҳои драгунҳо, тирандозҳо, пиёдагардон ва артиллериячиён — ҳамаашон дар ин ҷамъомади ранги ба рангпӯш омехта мешаванд.
Гоҳ ҷо-ҷо нимтанаҳои кӯтоҳ ва сомбрероҳои лапарвасеи мексиконҳо ба чашм мерасанд.
Дар аксарият ҷамъомадҳо дар миёни давра касони баргузида менишинанд.
Дар ин ҷамъомад аксаш шуд. Ашрофони маҳаллӣ берун аз давра ҷой гирифтанд. Хонумҳо беҳтарин либосҳои худро пӯшида, дар рӯи фургонҳо меистоданд, ё худ дар фойтун ва аробаҳои зебо ба андозае, ки аз болои сари мардҳо даруни давраро дидан мумкин бошад, менишастанд. Чашмони онҳо ба раиси суд дӯхта нашудаанд — онҳо ба вай фақат яклаҳзаина назар меафкананд. Онҳо ба гурӯҳи сенафарае менигаранд, ки дар назди вакилони даъво ва начандон дур аз танаи дарахт меистоданд. Якеашон нишаста, ду нафарашон рост меистод. Оне, ки нишаста буд, — гунаҳгор мебошад; он ду нафари истодагӣ — посбон.
Аввалан тахмин мекарданд, ки барои ин куштор на фақат Морис Чералд, балки Мигуэль Диас ва рафиқонаш ва Фелим О'Нилро суд кунанд.
Аммо дар рафти тафтиши пешакӣ марди мексикой ва се рафиқи ӯ алибии худро исбот карданд. Онҳо иқрор шуданд, ки либоси ҳиндӯгӣ пӯшида буданд. Ин далел аллакай исбот карда шуда буд, бинобар ҳамин онҳо дигар ҳеҷ чора надоштанд. Вале онҳо ҳамаи инро шӯхӣ нишон доданд. Ва азбаски муқаррар карда шуд, ки шаби гум шудани Генри Пойндекстер ҳар чори онҳо дар хона буданд ва ба болои он Диас мурданивор маст буд, дигар онҳоро истинток накарданд.
Дар хусуси Фелим бошад, ба курсии айбдор нишондани ӯро лозим надонистанд, зеро чунин мешумурданд, ки ҳамчун шоҳид фоидааш бештар мерасад.
Ба ҳамин тариқ дар курсии айбдор Морис Чералд худаш танҳо нишастааст, ки ба аксарияти ҳозирон ҳамчун Мориси мустангер маълум буд.
1 Алиби — далели дар ҷои ҷиноят ҳангоми ба вуқуъ омадани он ҳозир набудани ҷавобгар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор