Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шумо мебинед, ки ҳозирон хеле ботаҳаммул рафтор мекунанд — ин корашон начандон аз рӯи одобу назокат, балки аз тарси он аст, ки тартиби судро вайрон накунанд.

Агар шумо дар сарҳади Техас доир ба суд тасаввур доштанӣ бошед, ҳамаи инро фаромӯш накунед.

Дар ин ҷо бинои махсуси суд нест, агарчи, рости гап, ҳуҷрае ҳаст, ки дар он ҷо одатан ҳар гуна ҷамъомадҳо барпо мегарданд; маҷлисҳои суд ҳам дар он ҷо мегузаранд. Аз афташ рӯз хеле гарм мешудагӣ барин буд ва суд қарор дод, ки маҷлисро дар зери дарахт гузаронад.

Маҷлиси суд дар зери дарахти балути азим мегузарад, ки бо шилшиландушнай испанӣ зиннат дода шудааст; балут дар канори майдони намоиш истодааст ва сояи он ба дур ба дашти пурсабза меафтад. Дар зери он столи калон ва тахмин даҳ курсӣ гузошта шудааст; дар рӯи стол — қоғаз, рангдон, пари қоғаз, ду ҷилди фасурдаи маҷмӯаи қонунҳо, машрабаи пури коньяк, якчанд қадаҳ, як қуттӣ сигори гаванагӣ ва як қуттича гӯгирди фосфордор истодааст.

Дар паси стол раиси суд менишинад. Ӯ дар тан на қабои пӯсти қокум, ҳатто на сюртук дорад: аз гармӣ вай қарор додааст, ки мурофиаро тани ба курта гузаронад. Ба ҷои мӯи эйратӣ ӯ кулоҳи тобистониро ба сар якшоха монда, дар кунҷи лаб аз рӯ ба рӯи чеҳра сигор дорад, ки гӯё барои нигоҳ доштани баробарвазнӣ овезон буда, нисфи он кашида, нисфаш хоида шудааст.

Ба боқимондаи курсӣҳо касооне нишастаанд, ки сарулибоси онҳо аз касбу корашон чизе намегӯяд. Онҳо юристҳо, мансабдор ва ёрдамчии ӯ, коменданти қалъа, роҳиби полк, духтур ва якчанд офицер мебошанд.

Дуртар аз онҳо боз дувоздаҳ нафар ҷой гирифта буданд. Онҳо дар рӯи ҳарак менишастанд, дигарон дар рӯи алаф ё нишаста ё хобида буданд.

Онҳо вакилони даъво мебошанд: чи тавре, ки дар Англия дар мурофиаи суд иштирокашон қатъӣ бошад, ҳамчунон дар Техас иштироки онҳо қатъист, вале онҳо дар Техас хеле мустақиланд ва ба қарори суд кӯр-кӯрона рафтор намекунанд, ки ин аксар вақт дар Англия рӯй медиҳад.

Дар атрофи судьяҳо ва вакилони даъво издиҳом тиқилинч мекунад, ки тасвири он чандон кори осон намебошад. Дар ин ҷо куртаҳои шикорпӯши аз пӯсти гавазн, нимтанаҳои кампалиро дидан мумкин ва агарчи рӯз хеле гарм бошад ҳам, мардум блузаҳои сафеди катонӣ, инчунин куртаҳои осмониранги ресмонӣ

пешина
аз 509
навбатӣ