Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҷиноят ҳақиқатан содир карда шудааст. Ҳама ба ин чунон боварии қавӣ доранд, ки гӯё худашон иштирокчии қатл мебошанд.

Онҳо фақат нигаронанд, ки тафсилоташро шунаванд, фаҳмида гиранд, ки ин воқеа чӣ тавр, дар куҷо ва аз боиси чӣ рӯй додааст.

Соати даҳ. Суд аллакай сар шуд.

Дар ҳайати издиҳом чандон тағйироте рӯй надодааст, фақат рангҳо дурахшонтар гардидаанд: дар байни сарулибосҳои ғайринизомиён мундирҳои ҳарбӣ пайдо шуданд. Солдатон, ки пас аз тафтиши пагоҳирӯзӣ сар дода шуда буданд, қарор доданд, ки ба тамошобинон қатӣ шаванд. Онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ меистоданд: солдатон ва сокинони посёлка, драгунҳо, тирандозон, пиёдагардон, артиллериячиён дар шафати плантаторҳо, шикорчиён, савдогарон ва моҷароҷӯён истода, гӯш мекарданд, ки чӣ тавр чорчии суд саршавии мурофиаи судро эълон мекунад. Онҳо қарор доданд, ки то формулаи ғамангези: «Худованд рӯҳи шуморо дар сояи раҳму шафкаташ нигоҳ дорад»-ро эълон кардани раиси суд аз он ҷо намераванд.

Аз ҳозирон ҳеҷ кас шубҳа надорад, ки шом фаро нарасида пеш ӯ ин суханони пурдаҳшати одамро ба марг маҳкум мекардагиро мешунавад.

Фақат қисми ками ҳозирон инро мехоҳанд. Вале аксарияти тамошобинон боварӣ доранд, ки мурофиа бо маҳкумият анҷом меёбад ва то офтобшинам Морис Чералд аз дунё дармегузарад.

Суд аллакай сар шуда буд.

Шумо, эҳтимол, толори калонеро бо тахтасуфа ва ҷое тасаввур карда бошед, ки даврашро бо панҷара иҳота кардаанд ва дар миёнҷои он столею дар чет иншооте истодааст, ки ба минбари толори лексия мехондагӣ ё калисо шабеҳ мебошад.

Шумо судьяҳоро бо қабои пӯсти кокум, сафедкунандаҳоро бо мӯи эпратии сафед ва сарулибоси сиёҳ, котибон, приставҳо, мухбирон, полисҳоро бо мундирҳои кабуди тугмаҳояшон ялаққосӣ ва аз қафо баҳри азими сару рӯйҳои на ҳама вақт шонарасида ва на ҳама вақт шустаро мебинед.

пешина
аз 509
навбатӣ