Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Тири ишора ба нишон расид. Ғурури плантатор аз нав бедор шуд ва ӯ ҷавоб дод.
— Духтарҷонам Луиза! Чӣ тур ту ба модарат монанд ҳастӣ? Ман бошам аз ту шак доштам. Бубахш маро, духтараки пурғурурам! Гузаштаро фаромӯш мекунем. Худат ҳал кун. Ба рад кардани таклифи ӯ ихтиёр дорӣ.

Боби LXXXV

АММАБАЧАИ РАҲМДил

Луиза Пойндекстер аз озодие, ки падараш ба ӯ дод, истифода намуд. Аз байни як соат нагузашта ӯ ба Колхаун қатъиян ҷавоби рад дод.
Ӯ сеюмин маротиба буд, ки Луизаро ба занӣ мехост. Ростӣ гап, ду дафъаи аввал ӯ бо киноя гуфта буд.
Ин маротибаи сеюм буд, ҷавоб ҳам мебоист охирин мешуд.
Ҷавоб хеле оддӣ буд. Луиза кӯтоҳакак гуфт: «Не», ва ба таври возеҳ илова намуд: «Ҳеҷ гоҳ».
Ӯ суханони худро нарму мулоим накарда рӯйрост гуфт.
Колхаун ягон қадар тааҷҷуб накарда истода гӯш меандохт.
Зоҳиран, ӯ маътали ҷавоби рад буд.
Ягон рагу паи чеҳрааш наҷунбид, рангаш напарид ва ҳеҷ гуна аломати ноумедӣ, ки дар чунин лаҳзаҳо мушоҳида мешаванд, аз худ зоҳир накард. Ӯ мисли паланге, ки ба болои қурбонии худ чахиданӣ аст, дар назди тагодухтари соҳибҷамолаш меистод. Гӯё ӯ ба Луиза гуфтанӣ буд: «Як дақиқа нагузашта дигар хел нағма хоҳӣ сар кард».
Вале ӯ гуфт:
— Ту шӯхӣ мекунӣ, Лу?
— Не, сэр. Магар суханони ман ба шӯхӣ монанданд?
— Ту тамоман фикр накарда ҷавоб додӣ.
— Дар бораи чӣ?
— Дар хусуси бисёр чизҳо.
— Масалан?
— Пеш аз ҳама дар бораи он ки чӣ тавр ман туро дӯст медорам.
Луиза гап назада истод.
— Ман туро дӯст медорам, — ба гап давом намуд Колхаун, — чунон дӯст медорам, ки ин хел як маротиба дӯст медоранд!

пешина
аз 509
навбатӣ