Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ин муҳаббат фақат бо ман мурда ба гӯр меравад. Бо маВти ту он хомӯш намешавад...
Колҳаун хомӯш гардид, вале ҷавобе шунида нашуд.
— Чӣ ҳоҷати таърихи ишқу муҳаббатамро ба ту нақл кардан! Он ҳамон рӯзе шӯълавар гардид, ки... не, ҳамон соате, ки ман туро дидам. Дар хотир дорӣ, вақте ки шаш сол пеш ман ба хонаи падари ту омада будам! Баробари аз асп ҷаста фуромаданам, то оростани стол ту маро ба сайри боғ таклиф кардӣ. Ту он вақт духтарча, наврас ва ҳамчунон зебо будӣ, ки ҳозир ҳастӣ. Ту аз дасти ман гирифтию аз пайраҳаи шагалпошида аз сояи дарахтони кастона бурдӣ, аммо, албатта, ҳис намекардӣ, ки расидани дастҷаат ба дастам дар қалби ман чӣ қадар ҳаяҷон ба амал овард! Сафсатаҳои дилнавози ту дар қалби ман чунон чуқур осор гузоштанд, ки онро на вақт, на масофа, ҳатто на айёшиҳо зудуда натавонистанд...
Креолдухтар ҳамоно истода гӯш мекард, вале ин ҳолати ӯ чандон локайдона набуд. Гумон аст зане ёфт шавад, ки мафтуни чунин суханорой ва изҳори ишқу муҳаббати оташии нашавад. Дар нигоҳи вай аломати таҳсин дида нашавад ҳам, аммо дар он саҳл раҳму шафқат падидор шуд. Вале ӯ чизе нагуфт.
Колҳаун давом намуд:
— Оре, Лу, ин ҳақиқат мебошад. Ман ҳам инаш, ҳам ваяш, ҳам сеюмашро озмуда дидам. Шаш сол — ин мӯҳлати хеле калон мебошад. Аз Миссисипи то Мексика — кам роҳ нест, фақат барои туро фаромӯш кардан ман ба он ҷо рафтам. Вале ин нафъ накард. Баргашта, ба айшу нӯш дода шудам. Орлеани Нав инро нағз медонад. Ман намегӯям, ки эҳсосам аз таскин додани ман пуркувваттар гардид: аз ин беш пуркувваттар шуданаш мумкин набуд. Аз ҳамон лаҳзае, ки ту дасти маро гирифтию аммабача — аммабачан хушрӯ гуфтӣ, Лу! — ман ёд надорам, ки он ягон қадар тағйир ёфта бошад. Магар фақат вақте, ки рашк маро маҷбур сохт, ки ба ту нафрат кунам ва ба ҷонат қасд намоям!
— Ба гуфтани ин гапҳо чӣ тавр забонат мегардад, Қассий?
Пӣ аҷиб! Ҳатто камоли беақлӣ!
— Ва дар айни замон комилан ҷиддӣ! Ман чунон рашк мебурдам, ки гоҳҳо худамро базӯр даст мегирифтам. Каҳру ғазабамро пинҳон дошта наметавонистам ва ту инро нағз медонӣ.
— Вале айби ман чӣ, Қассий? Охир ман ҳеҷ имкон надода будам фикр кунӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор