Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳастӣ вай занат шавад. Хуб, вале оё ӯ розӣ ҳаст? Ба фикрам, ҳамаш ба ҳамин вобаста.

— Ба фикрам, тағо, ин аз шумо бисёр вобаста. Шумо падар ҳастед ва ӯро розӣ кунонда метавонед.

— Ман ба ин боварӣ надорам. Вай аз касоне нест, ки ӯро розӣ карда шавад. Ту ҳам, Кассий, инро нағз медонӣ.

— Ман фақат як чизро медонам: ман қатъӣ қарор додам, ки хонадор шавам ва мехостам, ки бонуи Каса-дель-Корво дигар зан не, балки Лу шавад.

Ин суханони дурушт ба дили Вудли Пойндекстер нештар заданд. Бори аввал ба ӯ таъкид мекарданд, ки ӯ дигар молики Каса-дель-Корво нест. Бо вуҷуди фақат ишора буданаш, ӯ онро нағз фаҳмид.

Аз нав плантатсияҳо, ғуломон, сарват, мавқеи ҷамъиятӣ ва — бенавоӣ бо тирарӯзӣ ва хорию зориҳояш дар пеши назараш ҷилвагар шуданд.

Бенавоӣ ба назараш нафратангез менамуд, агарчи дар нафратангезӣ ба дараҷаи шахси дар наздилаш истодагӣ — хоҳарзодааш нафратангез набуд, ки писари ӯ шудан мехост.

Хайру некӣ аз дили Пойндекстер рафту ҷояшро шарру бадӣ гирифт. Ӯ ба хоҳарзодааш ваъда дод, ки ба бахту саодати духтараш зомин шуда, онҳоро бо ҳам мепайвандад.

— Лу!

— Чӣ, падар?

— Аз ту як илтимос дорам.

— Чӣ хел илтимос, падар?

— Ту медонӣ, ки бачаи аммаат Кассий туро дӯст медорад. Ӯ барои ту ҷонашро фидо кардани аст ва ғайр аз ин мехоҳад туро ба занӣ гирад.

— Вале ман намехоҳам ба ӯ ба шавҳар бароям. Не, падар, мурдан беҳтар! Нокаси пурмуддао! Ман оқибаташро мебинам. Ӯ ба воситаи ту ба ман таклифи издивоҷ мекунад! Ҳаминро ба вай гӯй, ки ман фирори дашт карда як бурда нонамро аз пушти шикори аспони ваҳшӣ ёфта мехӯраму лекин зани вай намешавам! Ҳамин гапро ба ӯ гӯй.

— Аввал фикр кун, духтарам. Ту, эҳтимол, надонӣ ки...

— Ки бачаи аммаи ман қарзхоҳи туст? Инро ман медонам, падари азиз. Вале инчунин медонам, ки ту Вудли Пойндекстер ҳастӣ, ман бошам — духтари ту.

пешина
аз 509
навбатӣ