Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар хусуси Лу? Маҳз дар бораи чӣ? - худро осуда нишон дода пурсид Пойраҷ.
  • Гап ҳамин... - гуфт Колхаун, ки гӯё ба сар кардани ин гуфтугӯ ҷуръат наменамуд ё худро дудила вонамуд мекард. - Ман... ман мехостам...
  • Беҳтар мебуд ки... - аз таваккуфи муваққатӣ истифода карда гуфт плантатор, - беҳтараш ки ҳоло дар бораи вай гап назанем.
    Ӯ ин суханонро қариб бо зорию илтиҷо гуфт.
  • Вале барои чӣ, тағо? - пурсид Колхаун, ки ӯро ин эътирозот оташин карда буд.
  • Сабабашро ту худат медонӣ, Кассий.
  • Ман медонам, ки ғаматон зӯр. Генрией бечора гум шуд, - тахмин мекунанд ки вай... Вале боз гашта омаданаш мумкин ва ҳамааш нағз шуда меравад.
  • Ҳеҷ гоҳ! Мо дигар ҳеҷ вақт ӯро намебинем - на зиндаашро мебинем, на мурдаашро. Ман дигар писар надорам!
  • Вале духтаратон ҳаст ва ӯ...
  • Ӯ маро шарманда кард!
  • Ман ба ин боварӣ надорам, не...
  • Он чӣ ки ман ба гӯшам шунидам, он чӣ ки ба чашмам дидам, онро дигар чӣ хел маънидод кардан мумкин. Чӣ ӯро маҷбур сохт, ки бист мил роҳ яккаву танҳо, ба кулбаи аспфурӯши оддӣ равад ва дар болои сари ӯ нишинад? Ё худоё! Ва барои чӣ ӯ — қотили писари ман, қотили додари худашро ҳимоя кард? Худоё!
  • Ба фикрам, якумашро Луиза ба таври қаноатбахш фаҳмонид. (Вале худи Колхаун ба гапи мегуфтагиаш бовар намекард.) Дуюмаш ҳам маълум. Ҳар як зан мебуд, ҳамин тавр мекард. Ба ҳар ҳол Лу барин як духтар.
  • Вай баринаш нест! Инро ман — падараш мегӯям! Оҳ, кош ман ба суханони ту бовар карда метавонистам! Духтари бечорари ман! Акнун вақте ки писарам нест, охир ӯ мебоист тасаллиди дили ман мешуд...
  • Ёфтани писаратон фақат ба ӯ вобаста аст... шахсе, ки аллакай ба шумо наздик аст ва бо тамоми қувва кӯшиш мекунад ҷои писаратонро гирад. Вудли тағо, ман сарбаста гап задан намехоҳам. Медонед, ки дар бораи чӣ фикр мекунам. Қарори ман қатъӣ, ман мехоҳам, ки Лу завҷаи ман шавад.
    Плантатор аз шунидани ин гап ягон қадар тааҷҷуб зоҳир накард: ӯ ҳаминро нигарон буд. Ва ба ҳар ҳол чеҳраи ӯ боз ҳам маҳзунтар гардид.
пешина
аз 509
навбатӣ